Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эшлӣ Коуллс – аз камтарин наврасонест, ки дар 17 соли худ бо меҳнати дастон ва ақлу заковати худ миллионер шудааст. Матлаби нашркардаи Яҳу дар бораи ин бизнес-герл ҷолиб аст.

Эшлӣ ҳоло соҳиби бизнесест, ки ҳамасола як миллион доллар ба ҳисоби бонкияш ворид месохтааст, ва ин ҳам аз хонаи худ набаромада. Дар ҳақиқат ҳам аз хонаи худаш, на аз хонаи волидонаш. Зеро хонае, ки феълан Эшлӣ ва аҳли байташ ба сар мебаранд, бо пули заҳматҳои ӯ харида шуда будааст, қаблан онҳо дар хоначаи хурде зиндагӣ мекардаанд.

Ва аммо дар бораи василаи долларёбии Эшлӣ. Ин духтараки одии амрикоӣ сомонае дорад бо нишонии whateverlife.com. Ва ҳамарӯза тақрибан як миллион нафар аз ин сомона дидан мекардаанд, то бубинанд, ки Эшлӣ & C. чӣ гуна кор мекунанд. Дар бораи кормандони Эшлӣ поинтар ҳарф хоҳем зад, ва аммо дар сомонаи ӯ аслан фармоишҳои иҷрошудаи Эшлӣ ва кормандонаш нашр шудааст. Фармоишҳо ҳам ғайриодӣ нестанд, ороишҳои одии интернетӣ.

Аввалин корҳои худро Эшлӣ ройгон мекардааст, ӯ саҳфачаҳакҳои дугонаҳояш дар Myspace-ро оро медодааст. Сафҳачаҳакҳоро мулавван ва бо аксҳои зиёди дилҳо (акси қалб, ки хоси духтарон аст), меоростааст. Дар маҷмӯъ, ба василаи сомонаи Эшлӣ се ҳазор сафҳача ороиш дидаанд, ки ороишгари сеякашон худи духтарча мебошад. Боқимондаро кормандонаш кардаанд.

Нахустин корманди ӯ модараш мебошад. Линда – модари Эшлӣ бизнеси духтарашро идора мекунад. Эшлӣ се дугонаи худро низ дизайнерӣ омӯзонда ба кор ҷалб кардааст. Кормандонаш низ ӯро ва ин корро дӯст медоштаанд, зеро кор кардан бо дугона аз ҳар рӯз ҳамбургер печонидан дар МакДоналдс ба маротиб беҳтар будааст. Бо вуҷуди ин, кораш чунон зиёд будааст, ки маҷбур шудааст, то таҳсилро то ба охир нарасонида бас кунад.

Инсон, ки аслан барои дарёфти маблағи хуб таҳсил мекунад. Маблағи хубро бошад, ба Эшлӣ бизнеси ӯ меорад. Дар баробари афзоиши боздидҳо аз сомонааш, таваҷҷӯҳи бозаргонҳо низ ба ӯ зиёд шудааст. Аввалин чек барои ҷойгир кардани паёми бозаргонӣ дар сомонаи Эшлӣ на бештар аз 3.000 доллар будааст. Чеки дувум 5.000 доллар ва чеки савум 10.000 доллар овардааст ба Эшлӣ. Сомона ба Эшлӣ на танҳо чекҳои бонкӣ, балки боз ба андозае маъруфият овардааст, ки ӯро барои ороиши сурудҳои сарояндагоне ба мисли Бритнӣ Спирс даъват мекардаанд.

Аммо ин ҳама маъруфият ва сарват духтарчаро ба олами такаббур набурдаанд. Ягона хариди бузурги ӯ - ин хона будааст. Барои худаш бошад, маоши 3.000 доллар дар моҳ таъин кардааст, тақрибан ҳамон маоше, ки барои мисол як тирезашӯй дар Амрико меёбад. Маблағҳои худро Эшлӣ барои рушди тиҷораташ равона мекардааст.

XS
SM
MD
LG