Пайвандҳои дастрасӣ

Озмоиши агрегати якуми «Сангтуда-1»


Сохтмони "Сангтуда-1" аз оғози соли 2005 идома дорад

Сохтмони "Сангтуда-1" аз оғози соли 2005 идома дорад

Ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, зуҳри имрӯз, 17 январ, ифтитоҳи озмоишии агрегати якуми нерӯгоҳи «Сангтуда-1» сурат гирифт.

Муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик» Рашид Гулов гуфт, агрегати якуми неругоҳи «Сангтуда-1» якчанд рӯз бидуни тавлиди нерӯи барқ гардон хоҳад буд ва дар сурати бомуваффақият кор кардани он ифтитоҳи расмии ин агрегат рӯзи 20 январ баргузор хоҳад шуд.

Бакорандозии озмоишии агрегати якуми «Сангтуда-1» мебоист рӯзи 13 январ сурат мегирифт, вале ба таъхир андохта шуд ва раёсати сохтмони нерӯгоҳ сабаби батаъхирандозиро ба масоили техникӣ рабт дода буд.

Агрегати якуми нeрӯгоҳи барқи обии "Сангтуда -1" мебоист 13 январ ба таври озмоишӣ ва бидуни тавлиди нерӯи барқ гардон мешуд. Тибқи нақша, озмоиш бояд ду рӯз давом намуда ва баъд аз 3 рӯзи дигар, яъне 18 январ агрегати якуми нерӯгоҳ ба фаъолият ва ба тавлиди нерӯи барқ оғоз мекард.

Пештар тасмим ин буд, ки нерӯгоҳ дар 21 декабри соли гузашта, ба муносибати Рӯзи кормандони риштаи энержии кишвар ба тавлиди барқ сар кунад. Вале бо сабаби омода набуданаш, ифтитоҳи неругоҳ ба 18 январ вогузор гардид. Ин ҳам дар ҳоле, ки бинокорони неругоҳ аз ширкати воҳиди энержии РАО ЕЭС-и Русия мехостанд, ифтитоҳи неругоҳ бо омодагии комил дар нимаи моҳи апрели соли равон барпо шавад. Сабаби шитобзадагии мақомоти Тоҷикистон дар буҳрони сахти энержист, ки кишварро ба истифодаи маҳдуди неруи барқ маҷбур кардааст.

Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда-1" бояд 670 мегаватт неруи барқ тавлид карда, 75 дарсади саҳмияҳои он моли Русия ва танҳо 25 дарсад моли Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG