Пайвандҳои дастрасӣ

Се роҳхат ба Олимпиадаи Пекин беҳтарин дастоварди варзишгарони тоҷик дар соли 2007 ба шумор меравад.

Соли гузашта варзишгарони тоҷик инчунин дар мусобиқоти мухталифи байналулмилалӣ 180 медал, аз ҷумла 56 медали тило, 48 – нуқра ва 76 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин нисбат ба соли 2006-ум 54 адад зиёд аст.
Ин нукта 17-уми январ дар гузориши солонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд.
Сардори Раёсати тарбияти бадан ва варзиши ин кумита Наргис Набиева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар тӯли 3 соли ахир ҳаҷми умумии маблағҳои барои рушди варзиш ҷудошуда 4 маротиба афзудааст. Аз ҷумла, соли гузашта ин кумита барои баргузории мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ беш аз 2 миллион сомонӣ масраф кардааст.
Вале дар ҳамин ҳол, коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки варзиши тоҷик ҳанӯз бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла нарасидани иншоотҳои замонавӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳа, рӯ ба рӯ мебошад. Ба гуфтаи онҳо, вазъи варзиш дар кишвар, бахусус дар деҳоту музофоти он, боиси нигаронист.
XS
SM
MD
LG