Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин рузҳо шиддати сармо дар минтақаи Сибири Русия тақрибан ба 50 дараҷа мерасад. Муҳоҷирини кории тоҷик маъмулан барои корҳои мавсимӣ ба он ҷо мераванд, зеро иқлими маҳал он гуна аст, ки дар зимистон баъзе корҳо ба сабаби яхбандон қатъ мешавад. Дар як суҳбати телефонӣ аз Муҳаммадраҳим Гадоев - устоди Донишгоҳи шаҳри Мирний воқеъ дар Сибир пурсидам, оё дар ин фасл ҳам муҳоҷирони кории тоҷик дар Сибир ҳастанд ва кор мекунанд?

- Ҳоло ҳарорати ҳаво дар шаҳри мо 45 дараҷа сард аст. Рузҳои пеш 47-48 дараҷа хунук буд. Нисбат ба порсола имсол ин ҷо хунуктар аст. Бо вуҷуди ин, тоҷикони мо дар ин шаҳр бисёранд. Албатта, қисме аз онҳо моҳҳои ноябр то январ ба Тоҷикистон баргаштанд. Вале ононе низ ҳастанд, ки дар ин ҷо корашонро идома медиҳанд.

- Онҳо дар ин сармо ба чӣ кор машғуланд?

- Онҳо асосан дар хонаҳо кор мекунанд. Масалан, ман медонам, ки чанд гуруҳи шаш-ҳафт нафарӣ супориш гирифтаанд ва дар хонаҳо кор мекунанд. Баъзеҳои дигар дар идораҳои давлатӣ, масалан, ҳамчун посбон кор мекунанд. Аммо бачаҳои бекор низ ҳастанд. Мавсими гармиро интизоранд. Онҳо ҳоло истироҳат мекунанд.

- Ононе, ки бекоранд, то чанд муддат бояд мунтазир бимонанд?

- Кор дар ин ҷо моҳҳои март ё апрел сар мешавад. Барои ҳамин баъзеҳо ду-се моҳ бекор мемонанд. Шояд барои рафту омад пули кофӣ надоранд. Вале онҳо ҳам гоҳ-гоҳе корҳои чандруза пайдо мекунанд, корҳои муваққатӣ.

- Оё ононе, ки зимистон ин ҷо мемонанд, бо оилаҳояшон ҳастанд ё танҳоянд?

- Баъзеҳо бо оилаҳояшон ҳастанд. Вале ҷавонон бе оила ҳастанд ё оилаҳояшон дар Тоҷикистонанд. Ҷавононе низ ҳастанд, ки дар ҳамин ҷо бо занони рус ё занони ёқут хонадор шудаанд. Намедонам, ин муваққатист ё доимӣ. Ҳар кас ҳар хел.

- Оё шумо ҷавононеро медонед, ки дар Тоҷикистон оиладор шуда бошанд ва дар ин ҷо дубора оила барпо карда бошанд?

- Медонам, албатта, одамоне ҳастанд, ки дар Тоҷикистон ҳам оила доранд дар ин ҷо ҳам.

- Оё чунин одамон ба хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон низ кумак мекунанд ё танҳо дар фикри оилаҳои нави худ ҳастанд?

- Одамоне, ки ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар Ватан оиладоранд, одамони масъулиятноканд. Ба қадри имкон пул мефиристанд. Ман чанд нафарро медонам, ки худи оилаҳои нав дар ин ҷо пул сарф мекунанд. Аммо одамоне ҳастанд, ки на дар ин ҷо ва на дар Ватан оиладор нестанд ва кори дуруст ҳам надоранд. Фақат руз мегузаронанд.

- Метавонем, бигуем, ки ин гуна одамон дар баробари хонаводаҳои худ масъулият надоранд?

- Бале. Нушидану гаштанро ёд гирифтаанд. Бо ин гуна одамон гоҳ-гоҳ дар шаҳри мо дучор омадан мумкин аст.

- Оё ҷамъияте ё созмоне аз ҳисоби тоҷикон вуҷуд дорад, ки бо ин гуна одамон суҳбатҳо ташкил кунанд ва ба онҳо кумак кунанд, ҳадди ақал кумаки маънавӣ?

- Бале, мо на танҳо кумаки маънавӣ, балки баъзе вақтҳо кумаки моддӣ ҳам мекунем. Ҳоло ҷамъияти тоҷиконро ташкил карда истодаем. Муовини мири шаҳр ба қарибӣ ба ман телефон карда гуфт, ки ҷамъияти қирғизҳову узбакҳо ташкил шудааст. Вале ҷамъияти мо ҳоло расмӣ нашудааст. То Навруз мумкин аст, мо ҳам сабти ном кунем.

- Оё ононе, ки масъулият надоранд, даст ба ҷиноят ҳам мезананд?

- Шаҳри мо хурд аст. Тақрибан ҳама якдигарро медонанд. Бо вуҷуди ин ду соли пеш ду нафар ҷиноят содир карданд ва ман дар мурофиаи додгоҳии онҳо ширкат доштам. Бачаҳои ҷавон буданд. Ин барои мо нанговар аст.

- Муносибати пулис бо муҳоҷирони хориҷӣ чӣ тавр аст?

- Тавре, ки ман аз радиои Озодӣ мешунавам ё аз мусоҳибаҳо дар рузномаҳо мехонам, тоҷикон дар Маскав ё шаҳрҳои дигар ҳуқуқи шаҳрвандони мо поймол мешавад ё скинҳедҳо тоҷиконро озор медиҳанд, лекин ин ҳодисаҳо хушбахтона дар шаҳри мо нест. Шояд бошад, ҳуҷҷат тафтиш кунанд.

- Шояд сабаб ин аст, ки дар Сибир аҳолӣ кам аст ва ба нируи корӣ эҳтиёҷ доранд?

- Шояд ҳамин хел ҳам бошад. Сабаби дигар ҳам ҳаст. Дар ин ҷо мардуми ғайр зиёданд. Агар 50 дарсад русҳо бошанд, 50 дарсади дигар ёқуту укроину мардуми дигаранд.

XS
SM
MD
LG