Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди муҳими Путин аз Булғористон


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин сафари дурӯзаи расмӣ ба Булғористонро оғоз кард, ки дар ҷараёни он асосан масъалаи бунёди як лӯлаи азими интиқоли гази табиӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Тарҳи даҳмиллиардолларии лӯлаи гази “Маҷрои Ҷанубӣ”, ки бояд гази Русияро аз тариқи бистари Баҳри Сиёҳ ва қаламрави Булғористон ба Аврупо интиқол медиҳад, нигарониҳои Иттиҳодияи Аврупо аз афзоиши пойбандии кишварҳои узв ба захираҳои энержии Русияро барангехтааст. Булғористон узви нави ин иттиҳодия дар замони Ҷанги Сард, яке аз муттаҳидони наздики Маскав буд. Владимир Путин ҳамчунин дар расми имзои қарордоди миёни "Росатомстройэкспорт" ва Булғористон ҳузур хоҳад дошт, ки бар асоси он ширкати русӣ дуввумин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар Булғористонро бунёд хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG