Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбаршудагони дар қатли собиқ муовини додситони кулл Толиб Бобоев дастдошта аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Гумонбаршудагон дар қатли собиқ ҷонишини додситони кулли кишвар Толиб Бобоев боздошт шуданд.
Ба гуфтаи Раҷабалӣ Маҳмадалиев, раҳбари Садорати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД-и Тоҷикистон, дар ин ҷиноят се шаҳрванди кишвар, аз ҷумла қотили аслӣ Дониёр Одилов, ки солиёни дароз фавтида маҳсуб мешуд, инчунин шарикони ӯ Иброҳим Мирзораҳимов ва Ҷаббор Бекназаров, гумонбар мешаванд.
Бино ба гуфтаи Р. Маҳмадалиев, ин се нафар дар Русия дастгир шуда, ба Тоҷикистон истирдод гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон асомии ташкилкунандагону супоришдодагони ин ҷиноят маълум ҳастанд ва корҳо барои боздошт гардидани онҳо идома доранд.
Р. Маҳмадалиев танҳо ба алоқаи эҳтимолии ин куштор ва шахси сару садо эҷоднамудаи Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи Маҷлиси вакилони мардумии вилояти Суғд ва мудири кулли Корхонаи кимиёвии Исфара, ки феълан дар ҷустуҷӯ қарор дорад, ишора намуд.
Раҷабалӣ Маҳмадалиев инчунин гуфт: «Дар ҷараёни тафтишот муқаррар гардид, ки Одилов, Мирзораҳимов ва Бекназаров ҳаммчунин дар даст доштан дар дигар ҷиноятҳо гумонбар ҳастанд».
Ёдовар мешавем, ки собиқ ҷонишини додситони кулли кишвар ва муовини додситони ноҳияи Суғд Толиб Бобоев аз ҷониби ашхоси номаълуми низомипӯш 2-вуми январи соли 1999 дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд бо силоҳи Калашников ба қатл расоонида шуда буд.
Бино бар маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2007 36 шаҳрванди кишвар, ки дар иҷрои ҷиноёти дар кишвар амалишуда гумонбар мешаванд, аз Русия ба Тоҷикистон истирдод гардиданд.
XS
SM
MD
LG