Пайвандҳои дастрасӣ

"Барфи сиёҳ" дар Тоҷикистон


Сӯхтор дар Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалии Сино, 26 декабри соли 2007.

Сӯхтор дар Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалии Сино, 26 декабри соли 2007.

Cардии шадиди рӯзҳои ахир, бӯҳрони барқ, ба хусус дар Душанбе, иқдомҳои ҳукумат дар роҳи раҳоӣ аз ин буҳрон, таҳқиқи сабабҳои оташсӯзӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва тақдири Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳи муваққат аз мавзӯъҳои аслии шумораи нави нашрияҳои чопи Душанбе аст.

Сармақолаи нашрияи «Миллат» таҳқиқи иллатҳои оташсӯзӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст. Нашрия бо ишорат ба фарзияҳои мавҷуда дар робита ба ин оташсӯзӣ навиштааст, ки ҳодисаи мазкур метавонад сӯиқасд, ҳушдор ва ё террор бошад. Ва ба эътиқоди нашрия, дар Донишгоҳи тиббӣ, шоҳидони ҳол ба фарзияи расмии мақомоти зидди сӯхтор, ки иллати сарзадани оташсӯзиро расиши ноқилҳои барқ тафсир кардаанд, эътимод надоранд.

«Миллат» дар ин шумора ҳамчунин сӯҳбати ихтисосиеро бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон анҷом додааст.

Ҳафтаномаи «Фараж» ба дунболи номаи модари Ёқуб Салимов, вазири собиқи дохилаи Тоҷикистон унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон, ки хостори расидагӣ ба қазияи нигаҳбонии фарзандаш дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлия шудааст, чанд андешаи катбии ин вазири собиқро дарёфт ва нашр кардааст. Ин андешаҳои Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳи муваққат рӯи коғаз иншо шудааст ва «Фараж» менависад, назари генерали маъруф, ки бо ҷурми табаддулоти давлатӣ ба мӯҳлати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудааст, пас аз дувуним соли паси панҷараи зиндон, дар муқобили собиқ ҳамсангарҳои худ тағйир наёфтааст. Дар ин номаҳо генерали зиндонӣ ба садоқати худ дар муқобили ҳукумати феълӣ ва бегуноҳии худ батакрор ишорат кардааст.

Нашрияи «Азия плюс» фавти се тифли навзод дар ин рӯзҳои сард дар зоишгоҳҳои Душанберо ба таҳқиқ гирифа ва навиштааст, Вазорати беҳдошти Тоҷикистон сабаби марги ин атфолро дар сардии камназири ҳавои Тоҷикистон ва бӯҳрони энержӣ дар пойтахт намедонад. Аммо, менависад, додситонӣ тасмим гирифтааст, ки ин қазияро таҳқиқ кунад.

Ҳафтанома ҳамчунин бо нигаронӣ аз сармои шадиди соли ҷорӣ навиштааст, ки симои фасли зимистони имсол дар пойтахти Тоҷикистон сандаливу лампҳои керосинӣ, шамъу оташдон дар манзилҳои бисёрқабатаи сокинон будааст, ки ба хотири раҳоӣ аз сармо аз ин анвову усули гармиву рӯшноӣ истифода мекунанд.

Нашрияи дигари русизабони «Вечерный Душанбе» низ бо манзури сармои шадид дар кишвар, хабар додааст, ки сардии зимистони имсол дар 25 соли ахир бесобиқа будааст. Дар зимн ҳафтанома аз хонандагон ва мутахассисон даъват кардааст, ки назароти худро дар мавриди усулҳои алтернативии дарёфти нирӯи гармӣ дар ин буҳрони энержӣ пешниҳод кунанд ва мардумро аз ин бӯҳрони шадид раҳо кунанд.

Ҳамчунин сардии камназири ҳарорати ҳаво нашрияи «Тоҷикистон»-ро нигарон кардааст, ки дар сархати ин шумораи худ пешгӯии вазъи ҳавои шаҳри Душанбе барои як ҳафтаи ояндаро нашр кардааст. Бар тибқи ин пешгӯӣ, рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳавои пойтахти кишвар то 19 дараҷа сард хоҳад шуд ва барфрезӣ идома хоҳад кард. Ва ҳамзамон ҳафтанома хабар додааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо манзури бӯҳрони энержӣ дастур додааст, ки интиқоли 1 миллион киловат соат барқ ба корхонаи ТАЛКО-ро коҳиш дода, онро ба ниёзмандиҳои сокинони шаҳри Душанбе истифода кунанд.

Ва нашрияи «Ҷомеа» дар сармақолаи худ барфи зимистони соли ҷориро бо он ҳама сафедии чашмхиракунандааш «барфи сиёҳ» унвон кардааст. Зеро, менависад, ин барф дар ҳама кишварҳое, ки ҳокимонаш баргузидаи раият будаанд ва андешаи рӯзгори осоиштаву бе мушкили мардум дар сар доштаанд, сафед аст. Аммо дар Тоҷикистон барф сиёҳ аст, ки мардумро ба мушкилоту сангиниҳо мувоҷеҳ мекунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG