Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои ҷустуҷӯи афроди дар Чеченистон ғайбзада


Якоб Келленбергер, раиси Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх аз мақомоти Русия даъват кард, ки ҷустуҷӯи афроди дар Чеченистон бе ному нишон ғайбзадаро суръат бубахшанд. Келленбергер, ки айни ҳол бо як сафари хидматӣ дар Маскав қарор дорад, ахиран рӯйхати 1140 нафари тайи бист соли ахир дар Қафқози Шимолӣ беному нишоншударо дар ихтиёри Маскав гузошт. Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, тайи солҳои муқовимат дар Чеченистон беш аз 5 ҳазор нафар беному нишон ғайб задаанд.

XS
SM
MD
LG