Пайвандҳои дастрасӣ

Схеффер: "Низомиёни аврупоӣ нотавон нестанд"


Яаап Де Ҳуп Схефер, Дабири Кулли НАТО интиқоди вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар бораи омодагии нокофии низомиёни кишварҳои Аврупо зимни амалиёти зиддитеррор дар Афғонистонро рад кард. Ба гуфтаи Схеффер, ҳама низомиёни кишварҳои аврупоӣ аз иҷрои вазоифи бар дӯшашон гузошта ба хубӣ мебароянд. Вазорати дифоъи Ҳуланд ҳам аз Вошингтон хост, ки изҳороти Роберт Гейтсро ташреҳ кунад.

Ахиран Пентагон ба Кохи Сафед пешниҳод кард, ки мавзӯъи интиқоли боз 3 ҳазору 200 низомии амрикоӣ ба Афғонистонро матраҳ намояд, зеро бо фарорасии рӯзҳои гарм мусаллаҳони Толибон ва дигар гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон муқовиматро шадидтар мекунанд.

XS
SM
MD
LG