Пайвандҳои дастрасӣ

Шурои Бритониё аз сарнавишти кормандонаш нигарон аст


Шурои Бритонё-як созмони фарҳангии ин кишвар дар Русия мегуяд, пулиси махфӣ коргарони руси ду шуъбаи онҳо дар Санкт Петербург ва Екатеринбургро ба мусоҳиба даъват кардааст, дар ҳоле, ки коргарони бритонёӣ барои муддати кутоҳ боздошт шудаанд. Дэвид Миллибанд-вазири хориҷаи Бритониё дар Лондон дар вокуниш ба ин кор ба рузноманигорон гуфт:
"Мо шаби гузашта ва имруз дар бораи тарсондану таҳқири кормандони расмии Шурои Бритонё гузоришҳои хеле ҷидӣ низ шунидем. Возеҳ аст, ки мо онро хеле ҷиддӣ қабул мекунем. Ман бо мудири иҷроии Шурои Бритонё барои баррасии вазъ мулоқот мекунам. Ба ҳар роҳ тарсондану таҳқири кормандони расмӣ комилан ғайри қобили қабул аст".
Чунин рафтор нисбат ба кормандони Шурои Бритониё замоне анҷом мегирад, ки муносиботи Маскав ва Лондон беш аз пеш ру ба сардӣ овардааст.
XS
SM
MD
LG