Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шуришиён пойгоҳеро дар Покистон тасарруф карданд


Шаби гузашта дар Покистон садҳо нафар тундравҳои исломӣ ба пойгоҳи низомии Қалъаи Сароруғаи аёлати Вазиристон дар назидикии марз бо Афғонистон ҳамла бурданд ва ин пойгоҳро ба тасарруфи худ дароварданд. Дар даргириҳои дуҷониба дастикам 7 сарбози артиш ва 50 шуришӣ кушта шудаанд. Мақомот мегуянд, 20 сарбози дигар бедарак шудаанд. Багуфтаи ин манбаъ, ҳамларо шуришиён бо раҳбарии фармондеҳ Байтуллоҳ Меҳсуд анҷом додаанд. Ҳукумати Покистон Меҳсудро муттаҳам кардааст, ки вай дар паси ҳамлаи моҳи гузаштаи Равалпиндӣ ба Беназир Бҳутто-раҳбари мухолифон низ қарор дорад. Хабаргузории Франс Пресс мегуяд, пойгоҳ то ҳол дар контроли шуришиён аст, вале гузоришҳо дар ин бора зидду нақиз аст.
XS
SM
MD
LG