Пайвандҳои дастрасӣ

Бо Миср боздиди Буш аз Ховари Миёна поён меёбад


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар идомаи силсилабоздидҳои ҳаштрузааш аз кишварҳои Ховари Миёна вориди Миср шуд. Бо ин кишвар боздидҳои раиси ҷумҳури Амрико аз минтақа поён меёбад. Вай дар шаҳри бандарии Шарм-уш-Шейх воқеъ дар каронаи Баҳри Аҳмар бо Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср мулоқот анҷом дод. Вай дар бораи музокироташ бо Исроилу Фаластин гуфт:
"Музокирот мусбат буд ва ман гуфтам, ки барои расидан ба тавофуқ хушбинам. Сабабаш ҳам ин аст, ки раҳбарони Исроилу Фаластин барои ташкили ду давлат розианд. Ва ман медонам, ки кишварҳои ҳамсоя омодаанд кумак кунанд".
Оқои Буш аз Арбистони Саъудӣ вориди Миср шуд. Вай дар Арбистони Саъудӣ бо малик Абдуллоҳ-шоҳи ин кишвар афзоиши истихроҷи нафт бо арзиши нозилтареро баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG