Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти баталйонҳои муҷозотӣ


Моҳҳои наздик дар артиши Тоҷикистон қисми (баталйони) муҷозотӣ ё таъдибӣ таъсис дода мешавад.

Дар ин бора Юсуф Раҳмонов, додситони кулли низомии Тоҷикистон, ҳангоми суҳбат бо хабарнигорони кишвар хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин баталйон қисми низомиест, ки ба он бо қарори додгоҳ хизматчиёни ҳарбие фиристода мешаванд, ки ҷиноятҳои начандон вазнин содир карда, ба муҳлати на бештар аз 2 сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд.
Ба гуфтаи коршиносони низомӣ, ин гуна қисмҳои низомӣ ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ (16 адад) мавҷуд буданд ва муҳлати дар ингуна қисмҳо будан барои муқримон адои хидмати аскарӣ маҳсуб намешуд. Ва, чунонки дар додгоҳи низомии кишвар ишора намуданд, имкон дорад, ки ин таҷриба дар Тоҷикистон ҳамаз сар гирифта шавад.
Гуфта мешавад, ситоди ташкилии қисми таъдибӣ (муҷозотӣ) ҳанӯз чанд сол қабл созмон ёфта ва ҳатто мудирияти он таъсис шуда буд, вале ба иллати мушкиши ҷойгиркунонии он ва ҳамчунин зарурати ҷалби маблағҳои лозимӣ таъсиси расмии он мавқуф гузошта шуда буд.
Ба эътирофи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, баталйони таъдибӣ (муҷозотӣ) зиндон маҳсуб намешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG