Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон аз сармо сад нафар ҷон додаанд


Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон мегуяд, дар давоми як ҳафтаи гузашта дар саросари Афғонистон беш аз сад нафар аз сармо ҷон додаанд. Дар натиҷаи резиши тарма роҳҳои аслии автомобилрав масдуд шудаанд. Бино ба маълумоти идораи ҳавошиносӣ, дар ин кишвар бориши барфи бештар дар назар дошта шудааст. Ҳукумати Афғонистон бо гуруҳҳои имдодрасонии байналмиллалӣ роҳҳои расондани кумакҳои ғазоӣ ба аҳолии минтақаҳои дурафтода ва осебпазирро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG