Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Афғонистон нируҳои изофӣ мефиристад


Мақомоти вазорати дифоъи Амрико таъйид карданд, ки ҳудуди 3 ҳазору 200 нафар туфангдорони дарёии худро ба Афғонистон мефиристанд, то дар мубориза бо тундравҳои Толибон ва Ал Қоъида ба нируҳои НАТО ва нируҳои амниятии Афғонистон кумак кунанд. Ин хабар баъд аз як моҳи талошҳои нокоми Амрико пахш шуд, ки муттаҳидони худро дар НАТО барои фиристодани нируҳои изофӣ ба Афғонистон ташвиқ мекард. Мақомоти Амрико мегуяд, онҳо ҳамчунон аз кишварҳои узви НАТО мехоҳанд, ки ба Афғонистон нируҳои бештаре бифиристанд. Бо вуруди 3 ҳазору 200 нафар нируҳои изофии Амрико ба Афғонистон шумораи нируҳои Амрико дар Афғонистон ба 30 ҳазор нафар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG