Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент барқи Талкоро ба аҳолии Душанбе дод


Президент Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки ҳаҷми шабонарӯзии нерӯи барқ ба аҳолии шаҳри Душанбе аз ҳисоби кам намудани истеъмоли Ширкати алюминийи тоҷик 1 миллион кВт.соат зиёд карда шавад.

Бино бар хабари сомонаи расмии президенти Тоҷикистон, ин дастур дар нишасти ахири ҳукумати кишвар дода шудааст. Дар ҷаласаи Ҳукумат раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ҳисобот дода, гуфтаанд, ки «истеҳсоли ангишт дар соли 2007 нисбат ба соли 2006 ба андозаи 60 ҳазор тонна афзоиш ёфт. Истеҳсоли нерӯи барқу гармӣ ва истихроҷи нафт низ афзун гашт, вале нақшаи истихроҷи гази табиӣ танҳо дар ҳаҷми 87% иҷро шуд.»

XS
SM
MD
LG