Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мичиган Ромнӣ пирӯз шуд


Дар праймеризи ҷумҳурихоҳон дар иёлати Мичиган Митт Ромнӣ пирӯз шуд. Пас аз шумориши 90 дарсади раъйҳо, эълом шуд, ки ҷаноби Ромнӣ ҳудуди 40 дарсадро соҳиб шудааст.

Митт Ромнӣ аллакай тарафдорони худро ташаккур гуфта ва натоиҷи праймеризи Мичиганро «оғози бозгашт» номидааст. Оқои Ромнӣ бо ишора ба интихоби шахси ӯ дар ин праймериз ба тарафдоронаш хитоб карда гуфтааст:

«(Бо ин интихоб) Шумо гуфтед, ки мо барои ҳар як ҷойи корӣ мубориза хоҳем кард, шумо гуфтед, ки барои ҳифзи сиҳҳатии ҳар як амрикоӣ мубориза хоҳем кард. Мичиган шунид ва Мичиган раъй дод.»

Оқои Ромнӣ хитоб кардааст, ки :Биёёде, маъракаи Мичиганро дар Каролинаи Ҷанубӣ низ фаромӯш накунем, дар Невада, дар Флорида, дар тамоми иёлатҳо дигар низ ёд дошта бошем.»

Праймеризи Мичиган: Қабл аз оғози раъйдиҳӣ

Рақибони ҳизбии оқои Ромнӣ, Майк Ҳакебӣ ва Ҷон Маккейн пирӯзи интихоботи ҳизбии Мичиганро табрик гуфтанд. Сенатор Ҷон Маккейн 30 дарсад ороъ гирифтааст. Ҳакебӣ дар Мичиган тақрибан 16 дарсад райъ гирифтааст.

Праймеризи Айова

Праймеризи Ню Ҳемпшир

XS
SM
MD
LG