Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муносиботи Русияву Бритониё аз нигоҳи нашрияҳо


Нашрияҳои ғарбӣ ба мавзӯъи идомаи сардиҳои муносиботи Бритониёву Русия таваҷҷӯҳ кардаанд, ки ба дунболи заҳролудсозии Александр Литвиненко, собиқ афсари хадамоти амнияти Русия ва яке аз мунақиддони Кремл дар соли 2006 шурӯъ шудааст.

Рӯзномаи англисии «Гардиан» дар робита ба баста шудани Шӯрои Бритониё дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Екатеринбург навиштааст, Бритониё дар муносибот бо Русияи Владимир Путин иштибоҳоти зиёде кардааст, аммо фаъолияти Шӯрои Бритониё дар Русияро намешавад ба ин феҳрист шомил кард.

Рӯзнома меафзояд, Шӯрои Бритониё нирӯҳои демократии Русияро пуштибонӣ накардааст, аммо ба таҳсили 2500 донишҷӯи рус дар Бритониё ва ҳамчунин барои омӯзиши забони англисии 20 ҳазор шаҳрванди Русия кӯмак мекунад.

Ва «Гардиан» хабар додааст, ки намояндагиҳои Шӯрои Бритониё дар Санкт-Петербург ва Екатеринбург иқдомҳои мақомоти Русия дар мавриди баста шудани намояндагии ин шӯроро ғайриқонунӣ унвон карда ва гуфтаанд, ба фармони баста шудан итоат нахоҳанд кард.

Дар робита, ҳамчунин рӯзномаи амрикоии «Уол стрит ҷорнал» навиштааст, як моҳ пеш вазорати хориҷаи Русия мутмаин карда буд, ки тасмими бастани Шӯрои Бритониёро надорад ва ба хотири ихроҷ аз ин сарбастагӣ эълон дошта буд, ки ин Шӯро ҳамчун созмони ғайриҳукумати дубора сабтином шавад.

Ва аммо менависад, бо манзури таҷрибаҳои Русия мешавад гуфт, ки сабтиноми дубора маънии баста шудани Шӯрои Бритониё дар Русияро дорад. Ва нашрия меафзояд, зеро кам созмонҳои ғайриҳукуматӣ, чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ имкони таҳаммул кардани фишорҳои Кремлро дорад.

Нашрияи «Ле стампа»-и Итолиё навиштаст, ки ибтидои моҳи ноябри соли гузаштаи 2007 Беназир Бҳутто раҳбари мухолифи Покистон дар як мусоҳибаи телевизиониаш бо «ал-Ҷазира» гуфтааст, ки «Умар Шайх - нафарест, ки Уссома бини Лодинро кушт».

Ва рӯзнома менависад, аммо касе ба ин ҷумла таваҷҷӯҳ накард, нашрияи дигаре ин ҷумларо нашр накард, телевизиони дигаре ин мусоҳибаро пахш накард, кадом ҳукумате инро шарҳ надод, ҳатто хадамоти иктишофии Амрико.

Рӯзнома афзудааст, аммо дар дуввумин сӯиқасд Беназир Бҳутто кушта шуд ва сирри ин суханонашро бо худ бурд. Рӯзнома бо интизорӣ навиштааст, ки дар мавриди Умар Шайх, шояд Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон маълумот пахш кунад, зеро оқои Шайх он замон дар хадамоти ҷосусии ӯ кор мекард.

Рӯзномаи «Де прессе»-и чопи Австрия навиштааст, Сюзанна Винтер, номзади «Ҳизби озодӣ»-и Австрия тасмим надорад, суханҳои ғайриахлоқии худро, ки унвонии ҳазрати Муҳаммад ва Ислом дар як мулоқоти қаблазинтихоботиаш гуфта буд, бозпас бигирад.

Ба навиштаи рӯзнома, ин суханони хонуми Винтер дар ҷомеа вокунишҳоеро ба бор овардааст ва аммо ӯ гуфтааст, «ман ҳайронам, ки барои чӣ ман аз гуфтаҳои худ бояд пушаймон шавам ва бахшиш пурсам».

Ва «Де прессе» афзудааст, Сюзанна Винтер дар мулоқоташ бо интихобкунандагон гуфтааст, ҳазрати Муҳаммад «бо ноболиғ издивоҷ карда буд» ва «Қуръон»-ро замони маризии рӯҳӣ навиштааст». Вале ба навиштаи рӯзнома, хонум Винтер аз додситонӣ ҳарос надорад, ҳарчанд додситонӣ тафтиши ин гуфтаҳои ӯро шурӯъ кардааст ва дар сурати кашфи таҳқир дар ин гуфтаҳо Сюзанна Винтерро ду соли маҳкумӣ ба зиндон интизор аст.

Рӯзномаи «Таймс»-и чопи Лондон, бо манзури интихоботҳои дохилиҳизбӣ дар Амрико, ки яке аз номзадҳои бонуфуз Ҳилларӣ Клинтон, ҳамсари Билл Клинтон, раисҷумҳури собиқи Амрико мебошад, ба мавзӯи қиссаи ошиқии Билл Клинтон, бо коромӯзи Қасри Сафед Моника Левинский дубора таваҷҷӯҳ кардааст.

Рӯзнома навиштааст, ки 10 сол қабл: 17 январи соли 1998 Мэтт Драҷ дар яке аз саҳифаҳои интернетӣ навиштааст, ки Билл Клинтон бо коромӯзи собиқи Қасри Сафед Моника Левински муносибати маҳрамона доштааст, ва нашрияи «Нюс виик» он замон аз чопи матлабе дар робита ба ин хабари пурсарусадо худдорӣ кардааст. Зеро, менависад, Билл Клинтон барои худдорӣ аз нашри ин матлаб ришва додааст ва ба дунболи ин дар муқобили ӯ тафтишот шурӯъ шуд.

Ба навиштаи рӯзнома, ҳамсари ба шӯромадаи Билл Клинтон – Ҳилларӣ баъд аз ин тасмим гирифт, номзадии худро ба мақоми сенати шаҳри Ню Йорк пешниҳод кунад ва Билл Клинтон, ки пас аз ин воқеа сахт мехост бо занаш «сулҳ» кунад ва садоқаташро нишон диҳад, дар маъракаи қаблазинтихоботӣ барои пирӯзии Ҳилларӣ дар интихобот зиёд заҳмат кашид.

«Таймс» навиштаст, иштироки фаъолонаи Билл Клинтон барои пирӯзии ҳамсараш дар интихоботчаи феълии раёсати ҷумҳури Амрико, натиҷаи ҳамон воқеаи пурсару садои муносибаҳои маҳрамонаи Билл ва Левински мебошад.

XS
SM
MD
LG