Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳат Алиев ба 20 соли маҳбас маҳкум шуд


Додгоҳи Қазоқистон Роҳат Алиев, домоди собиқи раисиҷумҳур Назарбоевро дар ғайбаш ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Роҳат Алиев, ки Остона истирдоди ӯро аз Австрия талаб дорад, дар чанд ҷинояти сангин, аз ҷумла, рабудани ду тан аз масъулини Нурбонки Қазоқистон муттаҳам шудааст. Роҳат Алиев айни ҳол дар Вена ба сар мебарад ва мақомоти Австрия талаби истирдоди ӯ ба Қазоқистонро бо сабаби нокофӣ будани далелҳо рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG