Пайвандҳои дастрасӣ

Пан Ки Мун хостори тафтиши инфиҷор дар Лубнон шуд


Ҷомеъаи ҷаҳонӣ инфиҷор дар Лубнонро, ки бар асари он дасти кам се кас кушта ва тақрибан 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд, маҳкум кард. Пан Ки Мун, дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Лубнон даъват кард, ки ҷинояткоронро боздошт ва муҷозот кунанд.

Дирӯз афроди ношинос дар канори Бейрут мошини сафорати Иёлоти Муттаҳидаро ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Шон МакКормак, намояндаи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки ҳама қурбониёни ҳодиса – сокинони Лубнонанд. Ронандаи лубнонии мошини сафорати Амрико дар Бейрут маҷрӯҳ шудааст.

Инфиҷор дар ҳоле рух дод, ки сафари Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳои Ховари Миёна идома дорад ва қарор аст имрӯз ӯ бо мақомоти Миср дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG