Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкилоти фарҳанги Тоҷикистон


Обунаи иҷборӣ ва ҳатмӣ, ба шакли нави бозаргонӣ гузаштани чопхонаҳо, маҳви нодиртарин ёдгориҳои фарҳангӣ, шахсикунонии ёдгориҳои меъморӣ ва ба марказҳои тиҷоратӣ табдил додани онҳо, муҷаввиз надоштани осорхонаву ёдгориҳо, костагӣ дар маъракаи ҳаҷ-2007 ва таҳоҷуми исломӣ рӯи фарҳанги миллӣ аз муҳимтарин мавзӯъҳо буданд, ки дар гузориши солонаи Вазорати фарҳанг мавриди баҳс қарор доштанд.

Нашрияҳо

Мирзошоҳрух Асрорӣ - вазири фарҳанги кишвар гуфт, дар соли 2007 нашрияҳо бозпас зертобеъи ин вазоратхона шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазорат имконияти чопи нашрияи соҳавии худро надорад. «Баҳори Аҷам» - ҳафтаномаи ин вазоратхона соле чанд бор нашр мешавад ва ба моҳномаву гоҳнома табдил ёфтааст.

Мирзобадал Бадалов – раиси раёсати табъу нашри ВФ мегӯяд, теъдоди зиёди нашрияву чопхонаҳоро наметавон пешрафти кор дар соҳа талаққӣ кард. Зеро дар аксари маврид ин нашриёту нашрияҳо танҳо ба ном вуҷуд доранд.

Оқои Бадалов афзуд, ба гунаи мисол ағлаби чопхонҳо дар вилояти Хатлон аз фаъолият вомондаанд. Бар тибқи иттилоъи Мирзобадал Бадалов, роҳи раҳоӣ аз варта ба усули нави бозаргонӣ ва тиҷорӣ гузаштани нашриётҳо будааст.

Ҷамшед Исмоилов – ҳунарманди шинохташуда ва раиси филармонияи кишвар мегӯяд, аҳли фарҳангро иҷборан ба газетаҳои ҳукуматӣ обуна мекунанд, вале онҳо пул додаву ин нашрияҳоро дастрас накардаанд. Оқои Исмоилов гуфт, дар ду соли ахир ӯ ба маблағи 280 сомонӣ аз атриқи иҷборанихтиёрӣ ба газетаҳои марказӣ обуна шудааст, вале ба ин иддаъои Ҷамшед Исомилов - ВФ посух дод, ки обуна ба газетаҳои расмӣ ҳатмист!

Ёдгориҳои меъморӣ

Музаффар Азизӣ - раиси раёсати ҳифзи ёдгориҳои меъмории кишвар мегӯяд, хатари дигаре тоҷирон сари фарҳанги миллӣ эҷод кардаанд, ки дар бархе аз навоҳии дурдаст ёдгориҳои нодири меъмориро шасхӣ кардаанд. Оқои Азизӣ афзуд, бо иллати набуди муҷаввизи замин ёдгориҳои меъмории ғайриманқул дар навоҳии Турсунзода, Хуҷанд. Қубодиён, Шаҳритӯс хароб мешаванд ва ё онҳоро сармоядорон харидорӣ мекунанд. Танҳо дар ноҳияи Ҳисору Панҷакент 72 ёдгории меъморӣ аз сӯи сармоядорон харидорӣ ва хароб шудааст. Музаффар Азизӣ гуфт, кор то ҷое расидааст, ки дар Панҷакент сармоядоре ёдгории меъмориро шахсӣ карда, ба маркази тиҷорат табдил додааст.

Ҳаҷ -2007 ва Салафия

Аз сӯи дигар, ба ВФ гузаштани Кумитаи кор бо дини ҳукумати ҶТ бар мушкили ин вазоратхона афзудааст, ки дар маросими Ҳаҷ – 2007 садҳо нафар пул додаву аз зиёрати Каъбатуллоҳ бенасиб мондаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилоъи Муродулло Давлатов - муовини ВФ оид ба дин дар кишвар, ҳаракатҳои иртиҷоъӣ доман густардаанд ва арзишҳои милливу фарҳангӣ зери хатар қарор гирифтаанд. Оқои Давлатов афзуд, ба гунаи мисол, ҳаракати Салафия бо такя бар як хутбаи Умари Хаттоб – яке аз хулафои рошиддин ҷашни Наврӯз ва Меҳргонро, ки аз таъоруфи арзишмандтари миллат будаанд, ширк ва мамнӯъ эълом кардаву номҳои паҳлавии Рустаму Сӯҳроб ва Фаридуну Сиёвушро куфр хондаанд.

Кадрҳо

Ва аммо мушкили № 1 ВФ кишвар, набуди мутахассисини ҷавон дар ҳама соҳот будааст, ки хатмуттаҳсилони донишкадаҳо ба ин соҳа ба кор намеоянд, зеро маоши кормандони вазоратхона паст аст.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг мегӯяд, ба гунаи мисол, дар соли гузашта аз 350 нафар, ки донишкадаи санъатро хатм кардааст, танҳо 30 тан бо ҷои кор дар соҳаи фарҳанг таъмин шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG