Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳароси ҷумҳурихоҳон аз ғалбери Мичиган?


Интихоботи муқаддамотии иёлати Мичиган метавонад симои Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрикоро тағйир диҳад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки мубориза миёни сенатор Ҷон Маккейн ва собиқ волии Масачуссетс Митт Ромнӣ хеле шадид хоҳад буд, чунки ҳарду шонси хуби пирӯзиро дар ин сабқат доранд.

Маккейн, бо пирӯзии фавқулода дар Ню Ҳемпшир умедвор аст, ки ин навбат ҳам сокинони ин иёлати ташнаи беҳбудиҳои иқтисодӣ барои ӯ раъй хоҳанд дод. Бо Мичиган Маккейн аз интихоботи пешинаи соли 2000 ҳам хуб ошно аст - вай дар сабқат бо Ҷорҷ Буш дар ин иёлат пирӯзии мутлақро ба даст оварда буд. Ва аммо ин навбат, таҳлилгарон мегӯянд, ки мубориза чандон осон нахоҳад шуд: рақиби вай Митт Ромнӣ, алорағми нокомиҳояш дар интихоботи Айова ва Ню Ҳемпшир - заминаҳои хубе барои дастёбӣ ба дилҳои сокинони Мичиган дорад. Хабарнигори Озодӣ Браян Витмор мегӯяд, ки барои Ромнӣ ин интихобот ҳалкунанда хоҳад шуд:

"Таҳлилгарони зиёд дар Амрико ба ин андеша ҳастанд, ки интихоботи муқаддамотии Мичиган барои Ромни имкони охирин барои пирӯзӣ хоҳад буд. Бисёриҳо мегӯянд, ки вай бояд бубарад, вагарна вай ҳама имконияти пирӯзиро дар дигар манотиқ аз даст хоҳад дод. То ҳол нишондодҳои ӯ хуб набуд - вай дар Айова ва Ню-Ҳемпшир бохт. Маккейн, ки пешгом аст ва соли 2000 ба таври ғайримунтазира Бушро дар Мичиган мағлуб карда буд, аз назари таблиғи матбуотиву ҷалби маблағ барои ширкаташ дар интихобот чандон муваффақ набуд, ногаҳон дар Ню Ҳемпшир баранда шуд. Ва дар сурати пирӯзии оқои Маккейн дар Мичиган, ба андешаи аксарият, вай метавонад номзади воҳиди Ҳизби ҷумҳурихоҳ шавад".

Таҳлилгарон мегӯянд, ки масъалаи беҳбудёбии вазъи иқтисодии Мичиган барои сокинони он аз муҳимтарин масъалаҳои мавриди нигаронӣ мебошад. Дар ин иёлати маъруф ба тавлиди автомобилҳо, мизони баландтарини бекорӣ дар Амрико - дар ҳудуди 7,4 дар сад ба қайд гирифта шудааст.

Ромнӣ зимни мулоқоташ бо сокинони Детройт гуфтааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ саноати мошинсозиву ҷойҳои кории мардум набояд аз даст равад ва ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзиаш талош хоҳад кард, бо ислоҳи риштаи саноат ҷойҳои кориро ҳифз кунад. Маккейн ваъда додааст, ки барои муқобила бо бекорӣ барои бозомӯзии коргарону мутахассисон кӯмак хоҳад кард.

Аз нигоҳи таҳлилгари Озодӣ Браян Витмор, рақобати миёни номзадҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Мичиганро бештар гузаштаву корномаҳои онҳо қобили таваҷҷӯҳ мекунад:

"Назар ба интрига, дар ин интихобот гузаштаи бисёр ҷолибро мушоҳида кардан мумкин аст, ки рақобати номзадҳоро гармтар мекунад. Сенатор Маккейн мехоҳад сеҳри пирӯзии ғайри қобили пешгӯии худро дар соли 2000 ин навбат ҳам такрор кунад ва ҳама интизор аст, ки чӣ мешавад. Падари номзади дигар – Ромнӣ дар гузашта волии Мичиган будааст, ва ҳамсари ӯ ҳам дар ҳамин иёлат ба дунё омадааст. Ӯ ба ин минтақа иртиботи хеле наздик дорад. Дар ин интихобот ва махсусан барои Ҳизби ҷумҳурихоҳ нақши мазҳаб хеле муҳим аст. Ин минтақа як истеҳкоми пайравони Инҷил, яъне масеҳиёни муҳофизакор маҳсуб меёбад ва оқои Ромнӣ мормон аст".

Дар варақаҳои райъдиҳӣ дар Мичиган исми номзади сеюм аз ин ҳизб - собиқ волии Арканзас Майк Ҳаккабӣ ҳам навишта хоҳад шуд, ки барандаи интихоботи муқаддамотии Айова шудааст. Вай мегӯяд, ки барои ҳимояти манофеи синфи коргар мубориза мебарад.

Ҳизби демократ дар интихоботи Мичиган ширкат намекунад. Тавре ин ҳизб мегӯяд, чунин тасмим ба хотири мухолифатҳо бар сари ҷадвали баргузории интихобот сар задааст. Браян Витмор мегӯяд, ки дар асл демократҳо Мичиганро муҷозот карданд, чунки алорағми анъанаи бисёрсола ин иёлат хост, ки интихоботи муқаддамотиро дар фурсати пештар ва қабл аз иёлоти Айова ва Ҳемпшир баргузор кунад. Аз миёни демократҳо, ки интихоботи Мичиганро бойкот карданд, танҳо Ҳилларӣ Клинтон розӣ шуд дар интихоботи ин ҷо ширкат кунад, аммо аз нигоҳи таҳлилгарон, натиҷаҳои он ҳеҷ маъно нахоҳад дошт. Ҳатто дар сурати сарфи маблағи зиёд.

Зимнан, интихоботи имсолаи президентии Амрико аз гаронтарин интихобот дар таърихи ИМ арзёбӣ шудааст. Тибқи баъзе ҳисобҳо, барои ин маъракаи муҳим соле то як миллиард доллар масраф мешавад, дар ҳоле, ки маҷаллаи Fortune арзишҳои интихоботро дар ҳудуди се миллиард доллар пешгӯӣ кардааст. Барои муқоиса, бист соли пеш интихоботи миёни Ҷорҷ Буши калониву Роналд Рейган 59 миллион доллар ҳисоб шудааст. Гуфта мешавад, ки то имрӯз ҳар як аз номзадҳои аслии ҳизби демократ - Клинтон ва Обама - барои маъракаи интихоботии худ беш аз 100 миллион долларӣ харҷ кардаанд.

XS
SM
MD
LG