Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

150 орден ба осорхонаи Камолиддин Беҳзод


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба якбор ба осорхонаи миллии кишваршиносии ба номи Камолиддин Беҳзоди Душанбе 150 орден доданд. Аммо на барои хидматҳои шоиставу қаҳрамонии кормандони он.

Ин ордену медалҳоро мақомот аз қочоқгарони метали ранга бозситонида, ба осорхона додааст. Бар тибқи иттилоъи Сафаралӣ Қурбонов, раиси шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи раисҷумҳури кишвар, ин ордену медалҳои бошарофаттарин, ки дар таркиби хеш тилову нуқра доранд, аз қочоқгарони метали ранга, ки мехостанд, онҳоро аз ҳудуди кишвар берун кунанд, кашф ва мусодира шудааст.

Ҳамакнун ин нишонҳо, ки қочоқчиён аз солхӯрдагон - собиқадорони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва пайвандони онҳо харидорӣ кардаанд, зеби растаи таърихи ҶБВ осорхонаи миллии кишвар шудаанд. Оқои Қурбонов афзуд, дар ҳамин ҳол маъхазҳои осорхонаи миллӣ аз сикаҳои тилову мисин низ ғанитар шудаанд.

Ва аммо пас аз сӯхтор дар Донишгоҳи тиббии кишвар, ки бойгонии табибони тоҷик, ки тӯли даҳсолаҳо гирд оварда шуда буд, маҳв шуд, масъулин бар ҳифзи нигораҳои бостонӣ низ аз дигар тадбирҳо кор мегиранд. Масъули фарҳанги дастгоҳи раисҷумҳури кишвар мегӯяд, барои ҳифзи ашёи таърихӣ ва нигораҳои тилову нуқра, тоблуву ҳайкалҳои аҳди қадим осорхонаи Камолиддини Беҳзод бо ҷевонҳои фулузин таъмин шудааст. Ҷевонҳои мазбур нигораҳоро аз офатҳои табиӣ бояд ҳифз кунанд

Ва аммо ин ҷевонҳо садди роҳи дуздони фарҳангӣ буда наметавонанд. Ба иттилоъи Сафаралӣ Қурбонов, осорхонаи миллӣ то ҳанӯз бо дастгоҳҳои ҳушдорӣ, шабакаи муҳофизатӣ ва огаҳӣ, ё сигнализатсия, муҷаҳҳаз нест. Воқеан ҳам адами шабакаи огаҳӣ сабаб шуда буд, ки 2 сол муқаддам мусаввараи «Модар ва кӯдак», як тоблӯи арзишмандтарини ин осорхонаро рабуданд, ки тақдири он то ҳанӯз маълум нест.

XS
SM
MD
LG