Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хушбинии Райс аз беҳбудиҳо дар Ироқ


Кондолиза Райс дар дидор бо сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ дар Бағдод, 15 январи соли 2008.

Кондолиза Райс дар дидор бо сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ дар Бағдод, 15 январи соли 2008.

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, бояд беҳбуди амният дар Ироқ бо мақсади расидан ба оштии миллӣ истифода шавад.

Бону Кондолиза Райс дар Арабистони Саъудӣ аз ҳайати ҳамсафарони президент Буш ҷудо шуда, раҳсипори Ироқ гашт. Дарҳол баъд аз расидан ба Бағдод, Райс бо сарвазири Ироқ, Нурӣ Ал-Моликӣ ва вазири умури берунаи ин кишвар Ҳушёри Зебарӣ мулоқот кард. Дар бораи сабабҳои бе эълони пешакӣ сурат гирифтани ин сафар чизе гуфта намешавад, вале фурсати он муносиб унвон мегардад. Ва гуфта мешавад, Вошингтон мехоҳад, ҳукумати Ироқ низ аз ин фурсати муносиби беҳбуди вазъи амниятӣ дуруст ва ҳамаҷониба истифода кунад. Райс фазоро дар ҳукумати Ироқ низ муносиб номид: "Дар фурсати ин ҷо буданам, ҳамчунин бо раҳбарони кишвар гуфтугӯ доштам ва зоҳиран як руҳияи ҳамкорӣ дар пешбурди ҷабҳаи миллиро низ шоҳид шудам."

Бонуи Райс афзуд, аз сафари қаблии ӯ як сол пеш то ҳоло дар ҷабҳаи сиёсӣ пешрафте ҳосил шудааст, ки шароити хуби оштии миллӣ дар Ироқро фароҳам мерад. Ва ин пешрафт, ба гуфтаи ӯ на танҳо дар сатҳи ҳукумат ё сиёсатмадорон, балки дар сатҳи мардуми оддӣ низ ба мушоҳида мерасад. Як сол пеш хушунатҳои мазҳабӣ мардумро хунталаб карда буд ва дар таркишу ҳамлаҳо ҳазорон шиъа ва суннии Ироқ кушта шуданд.

Таҳдиди ин хунрезиҳо ба дараҷае расида буд, ки аз хатари ҷанги саросарии шаҳрвандӣ дар Ироқ ҳушдор медоданд. Акнун бартараф шудани ин хатарро натиҷаи афзоиши нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва беҳбуди ҳамоҳангии онҳо бо артиши Ироқ мешуморанд. Райс низ бар ин ақидааст, вале мегӯяд: "Ман умедворам, мо ба вазифаҳое тамаркуз хоҳем дод, ки бояд иҷро шаванд, вале инро ҳам бояд бипазирем, ки чӣ қадар кор иҷро шуд. Вақте ба ман мегӯянд, ки афзоиши нирӯҳои Амрико ба мардуми Ироқ имконияти оштии сиёсӣ дод, ман посух медиҳам, ки мутлақан дуруст аст. Ва замоне мегӯянд, кор на ҳамеша бо суръате пеш меравад, ки баъзе аз мо дар Вошингтон нишаста орзу мекунем, ман мегӯям, не, албатта, пеш меравад."

Хушбинии Райс на ба ҳамаи нишастагони Вошингтон хос аст. Мақомоти Иёлоти муттаҳида нигарони инанд, ки агар оштӣ ва тафоҳум дар Ироқ ба зудӣ пойдор нашавад, мумкин аст, кишвар дубора ба гирдоби ҳарҷу марҷ ғарқ гардад. Порлумони Ироқ низ ин хатарро эҳсос мекунад, ки рӯз шанбе, қарор кард, собиқ аъзои ҳизби Саддом Ҳусейн ҳақ доранд, дар идораи давлат саҳм бигиранд.

Ин қарор ба беҳбуди муносибат миёни шиъа ва сунниҳо кӯмак хоҳад кард. Сунниҳо, ки дар давраи Саддом дар идораи Ироқ бартарии комил доштанд, сар аз соли 2003, шурӯъи ҷанги Ироқ, ба ҳошия фишурда шуданд.
XS
SM
MD
LG