Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигарандеши собиқи рус умедашро аз даст дод


Собиқ дигарандеши шӯравӣ Владимир Биковский умеди охирини худро барои сабти номи номзадиаш барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз даст дод. Додгоҳи олии Русия имрӯз аризаи даъвогии ӯро барои бознигарӣ шудани ҳукми Камиссиюни интихоботӣ рад кард ва гуфт, ки сабаби ин тасмим дар ин аст, ки Биковский тайи 10 соли охир дар қаламрави Русия зиндагӣ накардааст. Замони шӯравӣ Биковский муддате дар зиндону касалхонаҳои рӯҳӣ ба сар бурда, баъдан соли 1976 аз қаламрави Шӯравӣ ихроҷ мешавад. Муддати баъд вай дар Бритониё ба сар бурдааст. Вай мегӯяд, ки ҳукми додгоҳ ангезаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG