Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи нави Лондон ба Маскав


Вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, ки нақшаи Русия барои ҷорисозии маҳдудиятҳо дар раводиди кормандони минтақаии Шӯрои Бритониё, як ташаккули фарҳангӣ, равобити дипломатии миёни Лондону Маскавро бадтар мекунад. Дейвид Миллибанд изҳороти худро рӯзе баъди он пахш кард, ки Маскав гуфт, нисбати кормандони намояндагиҳои минтақаии Шӯрои Бритониё дар Русия барои сарфи назар кардани амри Кремлин маҳдудиятҳои виза ҷорӣ мекунад. Миллибанд гуфт, ки ин на ба манфиати Русия ва на Бритониё аст. Вай инчунин мавқеи кишварашро такрор кард, ки фаъолиятҳои Шӯрои Бритониё, мубаллиғи фарҳанги бритониёйӣ дар хориҷа, ҷавобгӯи қонунҳои байналмилалӣ ва Русия аст. Равобити миёни Маскаву Лондон дар ин охирҳо ба сардӣ гароидааст ва таҳлилгарон мегӯянд, ки сабаби ин дар мухолифати Русия ба истирдоди гумонбари куштори мунаққиди Кремлин Александр Литвиненко ба Бритониё аст.
XS
SM
MD
LG