Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Райс бо раҳбарони Ироқ дар Бағдод


Вазири умури хориҷии Амрико Кондолиза Райс гуфт, ки ҷараёни мусолеҳаи миллӣ дар Ироқ ба таври назаррас пеш меравад. Зимни суханрониаш дар Бағдод, дар ҷараёни сафари ғайримунтазираи худ, Райс ба қонуни нави ин кишвар ишора кард, ки ҳазорҳо аъзои ҳизби собиқи БААС-ро имкони бозгашт ба ҳаёти ҷамъиятӣ медиҳад. Вай инчунин ба шинохти шаҳрвандии сокинони Ироқ дар муқобила бо тундгароӣ ишора кард, ки аз нигоҳи вай мояи хушбинӣ буда метавонад. Кондолиза Райс гуфт: "Аз замоне, ки ман ин ҷоро моҳе пеш зиёрат кардам, шоҳиди пешравиҳои идомаёбандаи ҷабҳаи сиёсӣ шудам, ба вижа дар бахши мусолеҳаи мардуми Ироқ, ки худи онҳо дар сатҳи бунёдӣ пиёда мекунанд. Шумо мебинед, ки шаҳрвандон барои мубориза бо тундгароӣ, терроризм ва муқобила бо ҷангиёни хориҷӣ ба по мехезанд".

Аммо бо ин вуҷуд, вай ҳушдор дод, ки ҷараёни пешравӣ ҳанӯз заъфпазир аст ва аз раҳбарони ироқӣ даъват кард, ки дар самти мусолеҳаи сиёсии кишвар талоши бештар ба харҷ диҳанд. Райс аз Арабистони Саъудӣ вориди Ироқ шуд. Вай дар сафари раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ба Ховари Миёна вайро ҳамроҳӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG