Пайвандҳои дастрасӣ

Консулгарии нави Тоҷикистон дар назди бозори Черкиз


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар минтақаи бозори Черкизи ин шаҳр бахши нави консулгарӣ ифтитоҳ кард. Дар ин бора сухангуи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби кушоиши консулгарӣ дар назди бозори Черкиз ба мушкилоти дастрасии мардикорони ин бозор ба хизматрасонии консулгарии назди сафорат ва ҷой доштани қаллобӣ ва миёнаравӣ аз сӯи баъзе ашхос барои гирифтани аснод аз консулгарӣ марбут мебошад. Ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, феълан дар бозори Черкиз, ки яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Маскав мебошад, беш аз 5000 муҳоҷирони кории тоҷик ба корҳои мухталиф, аксаран аробакашӣ, машғуланд.
XS
SM
MD
LG