Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷ: Душанбе қаҳрамонҳои худро муайян мекунад


Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии соли 2008-и пойтахти Тоҷикистон оид ба шатранҷ оғоз шуд.

Рашид Ҳусейнов, мудири мактаби махсуси шатранҷи шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар сабқати мардон 14 шатранҷбози пештози пойтахт то рӯзи 26-уми январ барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ рақобат хоҳанд кард. Дар байни онҳо варзишгарони маъруфи кишвар, ба мисли устоди байнулмилалӣ Суҳроб Ҳамдамов, номзадҳо ба устодии варзиш Файзалӣ Нуралиев, Андрей Онишенко, Герман Ли ва Темур Гадоев ҳастанд».
Оқои Ҳусейнов афзуд, ғалабаи шатранҷбози 10-сола Шаҳбози Нуралӣ, хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии шумораи 49, бар варзишгари пуртаҷриба Сулаймон Оймаҳмадов, барандаи медали биринҷии мусобиқаи соли гузашта, ҳангомаи баланди даври нахустин ба шумор меравад.
Сабқати занон бо ширкати 8 шатранҷбоз то рӯзи 20-уми январ идома хоҳад кард. Шатранҷбозони пуртаҷриба Лидия Антонова ва Саодат Одинаева, варзишгарони ҷавон Меҳрангез Раҳматова, Асила Муҳтоҷева ва Мутрибаи Илҳом муддаъиёни унвони қаҳрамонианд.
Бар асоси низомномаи сабқати шаҳрӣ се нафар беҳтарин шатранҷбозон байни мардон барои ширкат дар бозиҳои лигаи аввали шоҳмоти Тоҷикистон, ки моҳи апрел шурӯъ мешавад, роҳхат мегиранд. Ғолиби сабқати занон бошад, ба мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷи Тоҷикистон роҳ хоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG