Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи як тарҳи азнавсозии шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон дар оянда аз шаҳри дорои 35 ҳазор аҳолии бо биноҳои аз 4 то 6-ошёна иборат хоҳад буд.

Сардори идораи сохтмони асосии мақомоти вилоят Муҳаббат Раҳмонов изҳор дошт, ки интизор меравад, нақшаи кулли азнавсозии шаҳри Хоруғ то охири сол ба тасвиб расад.

Вай гуфт, мутахассисони хадамоти рушди Оғохон корҳои аксбардории ҳудуди шаҳрро ба анҷом расонданд ва пас аз тартиби лоиҳа аз тарафи мутахассисони идораи меъмории вилоят ва мувофиқат бо ожонсии шаҳрсозӣ ва меъмории ҷумҳурӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Муҳаббат Раҳматов баён дошт, ки ҳадафи аслии азнавсозии шаҳр озод кардани роҳи марказӣ аз анбуҳи биноҳо ва мошинҳо, ки хеле нороҳаткунанда аст, будааст.

Ба гуфтаи намояндаи корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонлоиҳа» Саидзоҳир Мамадзоҳиров, шабакаи оби корез ва ё канализатсияи шаҳр куллан хароб шуда ва ба азнавсозии пурра эҳтиёҷ дорад. Ӯ бе таҷдиди пурраи ин шабака дигар намудани симои шаҳрро имконнопазир мешуморад. Вай гуфт, шабакаи ахлотпарто 40 сол қабл ба корхонаи гушту шир мутобиқ шуда буд ва имрӯз ба талабот ҷавобгу нест.

Бино ба иттилоъи расмӣ, айни ҳол дар маркази устон ҳудуди 25 ҳазор нафар сукунат доранд. Баландтарин бинои шаҳр чаҳорошёна буда, бештари сокинон дар манозили фардии ҳавлидор зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи масъулони соҳаи меъморӣ ва шахрсозии вилоят, барои охирин бор нақшаи кулли азнавсозии шаҳри Хоруғ 30 сол қабл ба тасвиб расидааст, аммо бинобар ба иҷро нарасидан ҳоло моҳияташро гум кардааст ва ин ҳолат зарурати таҳияи лоиҳаи нави азнавсозии Хоруғро ба вуҷуд овардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG