Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс хостори интиқоли нерӯи нав ба Афғонистон шуд


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида пешниҳод кардааст, ки боз се ҳазор низомиёни кишвар ба Афғонистон фиристода шаванд. Ба иттилоъи хабаргузории Ройтерс, раҳбари Пентагон пешниҳоди худро ба Кохи Сафед ирсол кардааст ва аммо тасмим дар ин маврид фақат баъд аз мулоқоти вазири дифоъ бо раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш гирифта хоҳад шуд.

Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 27 ҳазор низомиёни амрикоӣ мустақаранд. Чанд рӯз пеш ҳайати фармондеҳии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон хостори он шуда буд, ки ба ин кишвар нерӯҳои иловагӣ интиқол ёбанд, зеро баробари фарорасии рӯзҳои гарм Толибон ҳамлаҳо болои низомиёни Афғонистон ва неруҳои эътилофи байналмилалиро бештар мекунанд.
XS
SM
MD
LG