Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи сафари Ҷорҷ Буш ба Ховари Миёна


Имрӯз дидору гуфтугӯҳои Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бо мақомоти Арабистони Саудӣ идома меёбад. Дирӯз раҳбари Амрикоро шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло дар фурудгоҳи пойтахти кишвар истиқбол кард.

Ба иттилоъи Кохи Сафед, дар гуфтушунидҳои Ҷорҷ Буш бо сарони кишварҳои Ховари Миёна мавзӯъи қимати нафт низ баррасӣ мешавад. Эд Гилепси, мушовири аршади раисиҷумҳур ба хабарнигорон гуфт, дар ҷараёни сафари Ҷорҷ Буш ба Ховари Миёна мавзӯъи қимати нафт ва болоравии талабот ба он аз мавзӯъҳои муҳими музокирот маҳсуб мешавад. Айни ҳол Гилепси иброз дошт, дар мавриди баррасӣ шудан ё нашудани ин мавзӯъ дар дидору гуфтугӯи Ҷорҷ Буш ва шоҳ Абдуллоҳ иттилоъ надорад.

XS
SM
MD
LG