Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар меҳмонсарои "Серена"-и Кобул


Полиси Афғонистон мегӯяд, дар ҳавелии меҳмонсарои "Серена"-и Кобул, ки макони асосии зисти хориҷиён аст, таркиш бузурге ба вуқӯъ пайваст. Минтақа аз тарафи нирӯҳои интизомӣ ба муҳосира гирифта шуд. Як мақоми хадамоти амнияти Афғонистон ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, бомбгузори худкуше хешро мунфаҷир кардааст. Намояндаи Нирӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон мегӯяд, як посбон кушта ва ду посбони дигар захмӣ шудаанд. Аз ҳамлаварон низ як нафарашон аз тири посбонҳо ба ҳалокат расидааст. Дар ин байн сухангӯи ҷунбиши Толибон Забеҳулло Муҷоҳид ба радиои Афғонистон Озод телефонӣ хабар дод, ки нафари Толибон дар як меҳмонсаро ҳамлаи маргталабона анҷом додааст. Матбуъоти норвегӣ мегӯяд, таркиш замоне ба амал омад, ки вазири умури берунаи Норвег, Йонас Стор дар дохили меҳмонсаро буд. Ба баъзе аз хабарҳо Стор захмӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG