Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Буш ба Арабистони Саъудӣ


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш сафари худро ба Ховари Миёна имрӯз дар Арабистони Саъудӣ идома дод. Подшоҳи саъудӣ Абдуллоҳ Бушро ду рӯз дар яке аз кохҳои худ берун аз шаҳри Риёз меҳмондорӣ хоҳад кард. Интизор меравад, Буш хостори пуштибонии Саъудия аз раванди сулҳи Ховари Миёна ва маъракаи инзивогузории Эрон хоҳад шуд. Пеш аз ин Буш дар Имороти Муттаҳидаи Араб Эронро сармоягузори пешсафи терроризм дар ҷаҳон ва Ал Қоидаро таҳдиди аслӣ ба эътидоли минтақа номид.
XS
SM
MD
LG