Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози гуфтушунидҳои нави Исроил бо фаластиниҳо


Гӯшонаи Эҳуд Олмерт, сарвазири Исроил бо Маҳмуд Аббос, раиси маъмурияти худгардони Фаластин.
Гӯшонаи Эҳуд Олмерт, сарвазири Исроил бо Маҳмуд Аббос, раиси маъмурияти худгардони Фаластин.

Пас аз ҳафт соли рукуд имрӯз дар Байтулмуқаддас гуфтушуниди нави байни фаластиниҳо ва исроилиҳо оғоз ёфт.

Он ба масъалаҳое ихтисос ёфт, ки то ҳоло садди роҳи ҳама гуна пешрафт дар сулҳи Ховари Миёна будаанд. Вале соате пеш аз оғози онҳо сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт гуфт, ҳарчанд мутмаъин нест, бояд ин талошро бикунад, зеро вазъи феълӣ хатарнок мебошад.

Изҳороти Олмерт дар ҳоле садо медиҳад, ки президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш ҳафтаи гузашта дар Байтулмуқаддас ва Ромуллоҳ гуфт, ба муваффақияти сулҳи минтақа бовари комил дорад ва созиши нав то поёни даври раёсатҷумҳурии ӯ дар моҳи январи соли оянда ба имзо хоҳад расид. Талошҳои тозаи Вошингтон ва сафари Буш ба минтақа, гуфтушуниди ӯ бо раҳбарони ду тараф омили асосии таҳрики тарафҳо ба оғози музокирот шумурда мешавад вагарна ҳафт соли охир ҳеҷ гуфтушуниди дар масъалаҳои асосии сулҳи Ховари Миёна байни тарафҳои зидахл сурат нагирифтааст. Ин бор ҳайатҳоро вазири умури хориҷии Исроил, Тзипи Ливнӣ ва сарвазири собиқи фаластиниҳо, Аҳмад Қурейъ сарварӣ мекунанд. Ҳарду ҷониб иқрор кардаанд, ки бе созиш дар бобати марзҳои давлати нави Фаластин, решакан кардани терроризм, тақсими шаҳри Байтулмуқаддас ва рӯшан сохтани сарнавишти паноҳандагони фаластинию муҳоҷирони яҳудӣ ҳаракат дар ҷодаи сулҳи Ховари Миёна аз имкон берун хоҳад буд.

Ба қавли хабаргузориҳо, ба ҳарду ҳайат салоҳиятҳои густарда дода шудааст, то ҳамаи масъалаҳоро мавриди баррасӣ ва созиш қарор диҳанд. Масъалаҳое, ки тарафҳо аз ҳалли онҳо оҷиз мемонанд, ба баррасии сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт ва раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос вогузор хоҳанд шуд. Вале агар аз як сӯ худи масъалаҳои мавриди гуфтушунид ба қавле шабеҳи санги хоро бошанд, аз сӯи дигар ҳарду ҷониб дар ҳалли онҳо нирӯманд ва босубот нестанд. Ба ақидаи хабаргузории Ассошиейтед Пресс, ҳам ҳукумати Исроил ва ҳам маъмурияти худгардони Фаластин онҳо дар ҳоли заъф қарор доранд. Дар ҳоле ки Исроил масъалаи амниятро дар сархат қарор медиҳад, маъмурияти худргардони Фаластин манбаъи асосии ҳамлаҳо ба Исроил -- Навори Ғаззаро таҳти назорат надорад. Сар аз тобистони соли гузашта ин минтақа зери назорати Ҳамос аст ва гурӯҳҳои тундрав аз ин мавзеъ Исроилро ҳадафи мушакборон қарор медиҳанд.

Ҳукумати Маҳмуд Аббос аз вуруди нирӯҳои исроилӣ ба Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ норозӣ буда, ин ҳамлаҳоро сабаби коҳиши нуфузи худ дар қаламравҳояш мешуморад. Аммо дар амал низ имконияти ҳукумати Аббос ба бозгардони назорати Навори Ғазза хеле заъиф аст. Намояндагони Ҳамос дар ин ҷо дафъатан эълон карданд, ки ҳеч гуна гуфтушуниди навро дар Байтулмуқаддас қабул надоранд ва созишҳои онро ба гардан нахоҳанд гирифт.

Мавқеъи ҳукумати сарвазир Олмерт низ чандон қавӣ нест. Соате пеш аз оғози гуфтугӯҳои Байтулмуқаддас, ду ҳизби исроилӣ, ки бо ҳизби сарвазир Олмерт дар як эътилоф ҳукумати феълиро таъсис додаанд, эълон карданд, ки агар масъалаи тақсими Байтулмуқаддас дар ин гуфтушунид баррасӣ шавад, онҳо аз эътилоф мебароянд ва ҳукуматро ба бӯҳрон мувоҷеҳ месозанд. Аз сӯе ҳам сарвари муҳоҷирони яҳудӣ, Пинҳос Валлерштейн, гуфтааст, ҳукумати Олмерт агар ба кӯчондани муҳоҷирон иқдом кунад, даргири хушунатҳо шадид хоҳад шуд.

Идомаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламравҳои ишғолӣ мояи эътирози фаластиниҳост ва президенти Амрико низ дар сафари ҳафтаи гузаштааш, шаҳракҳои навро хилофи барномаи сулҳ номид ва хостори тахриби онҳо шуд
XS
SM
MD
LG