Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ҳастаии Фаронса ба Арабистони Саъудӣ


Раисиҷумҳури Фаронса, Николас Саркозӣ, донишҳои ҳастаии кишвари хешро ба Арабистони Саъудӣ пешниҳод кард. Ҳангоми сафараш ба Риёз, Саркозӣ ба подшоҳи саъудӣ Абдуллоҳ пешниҳод кард, дар пешбурди барномаи осоиштаи ҳаставияш аз хидмати Кумисюни энержии ҳастаии Фаронса истифода кунад. Фаронса қарор аст, бо Имороти Муттаҳидаи Араб дар риштаи ҳамкориҳои осоиштаи ҳастаӣ созишнома имзо кунад. Саркозӣ Ховари Миёна ва Халиҷи Форсро минтақае номидааст, ки Фаронса дар он манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомӣ дорад.
XS
SM
MD
LG