Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони ҷавони шатранҷи шаҳри Душанбе


Икроми Илҳомзода, қаҳрамони шатранҷи пойтахт байни ҷавонони то 16-сола
Икроми Илҳомзода, қаҳрамони шатранҷи пойтахт байни ҷавонони то 16-сола

Мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе хотима ёфт.

Дар ин мусобиқа беш аз 70 нафар шатранҷбозони аз 8- то 20-сола дар 6 гурӯҳ барои унвони қаҳрамонӣ рақобат карданд.
Мунир Шарифов байни писарон ва Наргис Усмонова миёни духтарони то 8-сола пирӯз гардиданд. Умар Насриддинов байни писарон ва Моҳпочои Сайалӣ миёни духтарони то 10-сола ғолиб шуданд. Дар сабқати писарони то 12-сола Умед Саидов ва дар сабқати духтарони то 12-сола Мутрибаи Илҳом дар ҷойҳои аввал қарор гирифтанд.
Сабқати наврасони то 14-сола бо пирӯзии Шодмон Мирзозода хотима ёфт. Миёни духтарони ин гурӯҳ Шаҳноза Умарова пирӯз гардид. Ҳамному ҳамнасаби ӯ - Шаҳноза Умароваи дигар - миёни духтарони то 16-сола натиҷаи беҳтарин ба даст овард. Икром Илҳомзода дар сабқати наврасони то 16-сола ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Темур Гадоев дар сабқати ҷавонони то 20-сола ҷои аввалро касб кард. Дар ин гурӯҳ миёни духтарон Надежда Антонова пирӯз шуд.
Довари ин мусобиқа Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, беҳтарин шатранҷбозони ҷавони пойтахти кишвар барои ширкат дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи марти соли равон баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.
Ба иттилоъи хонум Одинаева, имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти пойтахти Тоҷикистон байни мардону занон шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG