Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди "мақоми ниҳоӣ"-и Фаластин


Музокиракунандагони фаластинӣ ва исроилӣ имрӯз гуфтушунидеро оғоз мекунанд, ки ба "масъалаҳои меҳварӣ"-и сулҳи Ховари Миёна бахшида хоҳад шуд. Раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос, гуфт, музокироти "мақоми ниҳоӣ" бояд масъалаи марзҳои давлати Фаластин, ояндаи Байтулмуқаддас, сарнавишти паноҳандагони фаластинӣ ва муҳоҷирони яҳудиро ҳал кунад. Гуфтушуниди пешина сари ин масъалаҳо ноком гашта буд. Ҳайатҳои ду ҷонибро вазири умури хориҷии Исроил, Тзипи Ливнӣ ва сарвазири собиқи фаластиниҳо, Аҳмад Қурейъ сарварӣ мекунанд. Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш, ки ҳафтаи гузашта аз Каронаи Бохтарӣ дидан кард, изҳори итминон кард, ки созишномаи нав то поёни раёсати ӯ дар январи соли оянда ба имзо хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG