Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулини Вазорати роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наҷоти гурӯҳи бандиёни барфкӯчиши азим дар мавзеъи Майхура, 60 километрии шимоли Душанбе, иттилоъ доданд.

Абдумаҷид Шарифов, як масъули вазорати роҳ, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 12 январ беш аз 10 худрав ва мусофирони он ба Душанбе оварда шуд. Оқои Шарифов мегӯяд, қарор аст, ин гурӯҳи мусофирон тариқи ҳавопаймо ва ё роҳи оҳан нахуст ба Хуҷанд ва баъд аз он тавассути ағбаи Шаҳристон ба навоҳии Панҷакенту Айнӣ фиристода шаванд. Вале ба ишораи ӯ, давлат дар интиқоли мусофирон маблағ тахсис надодааст ва куллия харҷу масорифи роҳ аз суи мусофирон пардохта мешавад:

«Мусофиронро овардем. Акнун тавассути роҳи оҳан ва ё ҳавопаймо бояд ба Хуҷанд раванд. Маблағи интиқоли онҳо аз кадом ҳисоб мешавад? Бо маблағе, ки онҳо то Айнӣ ва ё Панҷакент роҳкиро мекарданд. Агар ронандаҳо барои 20-25 километри роҳи тайкардаи худ аз ин мусофирон маблағ талаб кунанд, муассисаи мо маҷбур аст, онро баргардонад».

Ин дар ҳолест, ки ба қавли мусофирони аз муҳосираи баҳман тоза наҷотёфта, мақомот бо ваъдаи таъмини ҷойи хоб ва интиқолашон тавассути роҳи оҳан, онҳоро ба Душанбе овардааст. Гуландом, як ҳамсӯҳбати мо, ки бо ду фарзанди кӯчаки худ дар кӯчаҳои Душанбе саргардон мондааст, мегӯяд, баробари вуруди онҳо ба пойтахт, мақомот дигар ба онҳо эътибор надод ва ҳатто бо ҷойи хоб низ таъмин накард:

«Моро ҷониши вазири нақлиёт гуфтанд, ки Шуморо бо хона таъмин мекунем ва чипта харида ба шумо гусел мекунем. Аммо вақте ба Душанбе омадем, ману ду кӯдакам ва як зани дигарро ба хонаи як наздикони як духтари ҳасафарамон оварда монданд ва то ҳанӯз касе аз ҳоли мо огаҳ нест. Ҷое барои будубош надорем, Намедонем, ба куҷо равем ва аз кӣ имдод хоҳем».

Гуландом афзуд, аммо барномаи «Ахбор»-и телевизюни давлатии кишвар сӯҳбати он мусофиронеро пахш кард, ки бештар аз пуштибонӣ ва кӯмаки давлат мегуфтанд. Ба таъкиди ӯ, масъулони бахши иттилоотии телевизюн арзу шикояти онҳоро қайчӣ задаанд, то миёни аҳолӣ ташвиш рӯ назанад.

Гуфта мешавад, ҳоло мусофирони раҳоёфта ҳар касе дар манзили дӯстону наздикони худ дар Душанбе муқим шудаанд ва дар илоҷи кори худ ночор мондаанд. Онҳо бештар аз он изҳори хушӣ мекунанд, ки мисли баъзе аз ҳамсафаронашон бар асари фуруди тарма ва барфрезиҳои шадид кушта нашуданд.

Хотирнишон мекунем, ки тармакӯчии рӯзи 6-и январ дар мавзеъи Майхура дар тӯли на бештар аз як ҳафта, ҳудудан 100 нафар ва даҳҳо худравро дар муҳосираи барфи баландиаш то 6 метр вогузошт. Мусофирони асируфтодаи тармакӯчӣ мегӯянд, тӯли ин муддат дар хонаи раиси пойгоҳи ҳавошиносии Майхура оқои Қурбон Воситов ба сар бурданд ва ӯ онҳоро бо ғизо таъмин кардааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи мусофирон, кормандони ширкати эронии «Собир», ки дар кори нақби Анзоб саҳм мегиранд, ба мусофирон кӯмак расонидаанд.

Бар тибқи иттилоъи расмӣ, дар ҳамин гуна як тармахезӣ дар мавзеъи Майхура, шоми 21-уми декабр се нафар ҷон бохтанд ва 15 худрав зери баҳман монданд. Ҳоло вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон мегӯяд, ба далели боришоти барфи бисёр ҳаракати ҳамагуна мошин дар масири Душанбе-Хуҷанд қатъ шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG