Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари ҳизб пайғамбари исломро таҳқир кард?


Нашрияи «Гардиан»-и чопи Лондон иттилоъ додааст, ки табибони Бритониё трансплантатсияи узвҳои баданро феълан дар сатҳи олӣ анҷом медиҳанд. Ба навиштаи рӯзнома, хоҳишмандони дарёфти узвҳои солим дар ин кишвар ба маротиб афзудааст.

«Гардиан» ба қавл аз мақомоти беҳдоштии Бритониё навиштааст, агар дар соли гузашта 3 100 нафар бо ҳадафи дарёфти узвҳои солим ҷарроҳӣ шуда бошанд, феълан, 9 600 нафар интизори инчунин ҷарроҳӣ ва дарёфти узвҳои солим будаанд.

Рӯзнома менависад, сарвазири Бритониё Гордон Браун гуфтааст, феълан, дар мавриди таҳияи як қонуне, ки дарёфти узвҳои афроди фавтидаро бо ҳадафи трансплантатсия иҷоза медиҳад, машварат доранд.

Рӯзномаи «Хабар 7»-и Туркиё дар шумораи тозаи худ хабар додааст, ки дар Австрия раҳбари ҳизби «Озодихоҳ»-и шаҳри Гратс хонум Сусан Винта, мавриди суханронӣ дар муқобили паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад ва Қуръони Карим аз алфози таҳқиромез истифода кардааст.

Ба навиштаи нашрия, хонум Винта гуфтааст, паёмбари Ислом дар замони худ бо кӯдак издивоҷ кардааст, ки манзураш издивоҷ бо ҳамсараш Оиша будааст. Ҳамчунин ӯ Исломро режими тоталитарӣ унвон кардааст.

Ин рӯзнома бар изофа аз ҷонибдории инчунин ақидаҳо, аз сӯи аъзои ҳизби «Озодихоҳ»-и Австрия хабар дода менависад, Аврупо ҳанӯз ҳам таҳқири Ислом ва паёмбари онро идома медиҳад.

Нашрияи «Ню Йорк Таймс» хабар додааст, ки дар ростои сафари Ҷорҷ Буш ба Имороти Муттаҳидаи Араб, мақомоти ин кишвар як рӯзи таътил эълон кардаанд. Ба навиштаи нашрия, бо ҳадафи амният дар ин сафари раисҷумҳури Амрико бештарин ҷодаҳои асосии кишвар ва нақбҳои нақлиёт баста шудаанд ва мақомоти Иморот бо ҳадафи ба мардуми худ эҷод накардани мушкилот ин рӯзро таътил эълон кардаанд.

Рӯзномаи «Мейл он санди»-и Бритониё менависад, фарзанди 26 - солаи Уссома бин Лодин - Умар дар Қоҳира аз сафорати Бритониё дар ин кишвар хостори раводиди зисти доимӣ дар Англия шудааст.

Рӯзнома менависад, Умар бо хонуми 52 - солаи англис издивоҷ кардааст ва имкон дорад, дар зимн раводиди зисти доимии Бритониёро дарёфт кунад. Ба навиштаи рӯзнома, падари Умар - Уссома бин Лодин аз ин тасмими фарзанди худ нохуш будааст. Вале рӯзнома имкони ба Умар бини Лодин надодани раводиди Бритониёро низ тахмин мезад, зеро, менависад, Умар дар Афғонистон таълими террористӣ гирифтааст.


Ва яке аз нашрияҳои марказии Фаронса. «Ҷи Ди Ди» бо манзури мусоидати раисҷумҳури Венесуэла дар озод кардани Клара Рохас ва Консуэло Гонсалес ду раҳбари бандии нирӯҳои инқилобии Колумбия навиштааст, Уго Чавес, раисҷумҳури Венесуэла пирӯзии бузурги дипломатӣ ба даст овард.

Рӯзнома афзудааст, бо озод кардани ин бандиҳо аз дасти шӯришиёни Колумбия, оқои Чавес аз ҳама аҳсант шунид, ҳатто аз раисҷумҳури Колумбия, Алваро Урибе, ки бо ӯ муносибати хуб надоранд. Ба навиштаи рӯзнома, ҳатто «душмани амрикоиш» низ ишорат кардааст, ки ин муваффақияти Ҳуго Чавесро эътироф мекунад.

Оқои Чавес ба дунболи ин пирӯзиаш гуфтааст, рисолати миёнҷигарӣ, озод кардани бандиён ва сулҳоварии худро идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG