Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ва Фаластин сари мизи музокирот менишинанд


Имрӯз ҳайатҳои Исроил ва Фаластин ба музокирот оид ба мушкилоти калидии низоъи миёни ҷонибҳо - яке аз тӯлонитарин низоъҳо дар Ховари Миёна шурӯъ мекунанд. Дар ин бора Маҳмуд Аббос, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳайатҳо таҳти сарварии собиқ сарвазири Фаластин Аҳмад Қурей ва вазири хориҷаи Исроил Ципи Ливнӣ масоили марбут ба сарнавишти паноҳандагони фаластинӣ, марзҳо, тақсими Байтулмуқаддас, маҳаллаҳои яҳудинишин дар Каронаи бохтарии руди Урдун, мушкилоти амниятӣ ва захоири обро баррасӣ хоҳанд кард.
Мақомоти Исроил низ шурӯъи ин музокиротро тайид кардаанд.

XS
SM
MD
LG