Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сафари Буш ба Арабистони Саудӣ


Имрӯз Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида барои нахустин бор аз замони президенти Амрико интихоб шуданаш аз Арабистони Саудӣ дидан хоҳад кард. Ӯ баъди хатми сафари расмияш ба Аморати Муттаҳидаи Араб вориди Арабистони Саудӣ мешавад.

Дирӯз Ҷорҷ Буш зимни суханронӣ дар Абу Дабӣ, пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб Эронро "кишвари аслии сармоягузори терроризм дар олам" номид. Ӯ эълом дошт, ки Эрон бо интиқоли силоҳ барои Толибони Афғонистон ва ошубгарон дар Ироқу Лубнон ҳама умедҳо барои сулҳ дар минтақаро аз байн мебарад.

XS
SM
MD
LG