Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи мардони афғон аз духтани либоси занона


Дар вилояти Тахори Афғонистон мардони хайот дигар ҳақ надоранд дар хайотиҳо барои духтани либос андозаи бадани занонро бигиранд. Дар ин бора шурои уламои вилоят фармоне содир кардааст. Абдулатиф Иброҳимӣ-волии вилояти Тахор ин тасмимро таъйид кардааст, вале нагуфтааст, ки дар сурати риъоят нашудани ин муқаррарот чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG