Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш Эронро кишвари калидии ҳомии терроризм хонд


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико зимни суханронии худ дар Абу Забӣ-пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб Эронро кишвари калидии ҳомии терроризм хонд. Вай гуфт, Эрон бо фиристодани аслиҳа ба Толибон дар Афғонистон, ба тундравҳои шиъа дар Ироқ ва ба тундравҳои Лубнон умедҳоро барои сулҳ дар минтақаи Ховари Миёна барбод медиҳад. Ҷорҷ Буш гуфт, барномаи Амрико дар мавриди таъмини демократия дар Ховари Миёна қатъӣ ва иҷрошаванда аст.
XS
SM
MD
LG