Пайвандҳои дастрасӣ

Сангтӯда-1: Таъхир дар оғоз


Сохтмони "Сангтуда-1" аз оғози соли 2005 идома дорад

Сохтмони "Сангтуда-1" аз оғози соли 2005 идома дорад

Ифтитоҳи озмоишии агрегати якуми нерӯгоҳи «Сангтуда-1», ки имрӯз, 13 январ, дар назар буд, ба замони номаълум ба таъхир андохта шуд.

Дар ин бора раиси сохтмони нерӯгоҳ Раҳметулло Алжанов иттилоъ додааст. Вай батаъхирандозии ифтитоҳи озмоишии агрегати нерӯгоҳро ба сабабҳои техникӣ рабт додааст.

Ҳамзамон бо сабаби рӯзи истироҳат талошҳои тамос бо мутахассисини вазорати энержӣ ва саноъати Тоҷикистон ва ширкати "Барқи тоҷик" барои шарҳи ин мавзуъ натиҷае надод.

Агрегати якуми нeрӯгоҳи барқи обии "Сангтуда -1" мебоист 13 январ ба таври озмоишӣ ва бидуни тавлиди нерӯи барқ гардон мешуд. Тибқи нақша, озмоиш бояд ду рӯз давом намуда ва баъд аз 3 рӯзи дигар, яъне 18 январ агрегати якуми нерӯгоҳ ба фаъолият ва ба тавлиди нерӯи барқ оғоз мекард.

Пештар тасмим ин буд, ки нерӯгоҳ дар 21 декабри соли гузашта, ба муносибати Рӯзи кормандони риштаи энержии кишвар ба кор сар кунад. Бо сабаби омода набуданаш, ифтитоҳи ниругоҳ ба 18 январ вогузор гардид. Ин ҳам дар ҳоле ки бинокорони нирӯгоҳ аз ширкати воҳиди энержии Русия РАО ЕЭС мехостанд, ифтитоҳи нирӯгоҳ бо омодагии комил дар нимаи моҳи апрели соли равон барпо шавад. Сабаби шитобзадагии мақомоти Тоҷикистон дар буҳрони сахти энержист, ки кишварро ба истифодаи маҳдуди нирӯи барқ маҷбур кардааст.

Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда-1" бояд 670 мегаватт нерӯи барқ тавлид карда, 75%-и саҳмияҳои он моли Русия ва 25 дарсад моли Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG