Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаёти муҳоҷирони бадахшӣ: маризӣ, фақирӣ, беобӣ...


Муҳоҷирони бадахшӣ дар ҷамоъати Фирӯза

Муҳоҷирони бадахшӣ дар ҷамоъати Фирӯза

Як муҳоҷири 21-сола, ки аз вилояти Бадахшон бо аҳли хонаводаи худ ҳамроҳ бо даҳҳо оилаи дигар ба ноҳияи Носири Хусрав кучида буд, соли гузашта мубталои сил шуд.

Дар бемористон ба модари ӯ гуфтанд, ки барои табобати ин ҷавон пул надоранд ва баъди 15 рӯзи нигоҳдорӣ ва давои нимкора ҷавони бемору бечора пиёдаву савора ба хона баргашта вафот кард. “Ҳеч кас нигоҳ намекунад, ҳатто духтурҳоро базури меори, нигоҳ намекунанд. Ҳамон фарзандама нигоҳ накарданд, ақалан як таблетка ба ӯ надоданд. Пул надоштам. Мачитон бурдам, унҷа ҳам як дору ҳам надоданд ва бачам хеста омад, бепул омад, дар ҳарҷо афтидаву хеста омад ба пешам” – гирякунон ёдовар шуд модари ӯ.

Вале ин мусибат танҳо ба сари ин модари бечора наомадааст ва сокинони ҷамоъати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав, ки шурӯъ аз соли 2001 аз вилояти Бадахшон ба минтақаи Хатлон кучонида шудаанд, шоҳиди мавориди зиёди фавти ҷавонон аз маризиҳои сироятӣ, ба вижа сил, шудаанд.

Шароити тоқатфарсои зиндагӣ, оби ифлос ва фақирии оилаҳо боиси заъфу бемориҳои мухталиф дар миёни ин муҳоҷирони дохилӣ шудааст, ки бо ваъдаи зиндагии хуб онҳоро ба ин ноҳия овардаанд. Заҳи зери хона ва заминҳои ғайриҳосилхез дар ин минтақаи умдатан кишоварз зиндагии мардуми бечораро дар хонаҳои намнок сахту сангин кардааст. Фарши хонаҳои онҳо мисли гил аст ва борон низ аз сақфи хонаҳояшон ба осонӣ мегузарад.

Сокини ҷамоъати Фирӯзаи Носири Хусрав, аҳволи зиндагии худро чунин тасвир карданд:

“Замини президентӣ доданд, аммо ҳосил намешавад, зеро замин намак дорад. Баъд хонаам аз таҳ нам аст ва аз боло мечакад. Ҳеҷ кор нест, бачам. Пахта чиндем, 10-дирамӣ доданд, аммо ордро медонед, ки беш аз сад сомонӣ аст”.

“Фишори хун миёни ҷавонон зиёд аст, аз зиққӣ ба ин дард гирифтор шудаанд” .

“Аз барои оби ифлос дар Бишкент ҳама касал мешаванд. Устухонҳо дард мекунад, аз барои оби шур. Бисёриҳо инҷо мурданд”.

“-Илтимос, ҳозир як ба хонаи мо даро, ҳолати моро бубин.

-Шумо дар ҳамин хона, ки заминаш ба гил табдил ёфтаву хеле сард аст, зиндаги мекунед?

-Бале, хона ҳатто буйи намӣ мекунад”.

Фарзона мегуяд, "ман охирин бор 6 сол пеш дар Бадахшон гушт хурда будам"

Кӯдакони ин маҳал аёми ширини кудакии худро на бо таҳсилу бозӣ, балки бо кашонидани об аз дурии 5 километр, ҳезумчинӣ ва дигар корҳои сахт сипарӣ мекунанд. Фарзонаи хурдсол ӯро мегуяд, “ман дар як рӯз чор бор рафта об меорам, хеле хаста мешавам. Гурусна мемонем, ман 6 сол пеш дар Бадахшон гушт хурда будам”.

Яке аз ҳамсолони Фарзона меафзояд, “хеле вақт шуд пахта чиндем, неки ҳамаи пулҳоямонро надоданд. Хайр, барои ручка ва дафтархарӣ пул лозим мешавад. Мо вақти бозӣ кардан надорем, аз обкашӣ меоем шаб мешавад. Роҳ то об хеле дур аст.”

Ҷавони муваффақтарин дар миёни муҳоҷирони дохилӣ он ҷавонест, ки ба мардикорӣ ба Русия рафтааст ва оилаҳои онҳо худро низ хушбахтар ҳисоб мекардаанд. Воқеан зиндагии чунин хонаводаҳо аз хонаводаҳои бемуҳоҷир ва соҳиби фарзандони хурдтар фарқ мекунад. Зиндагии чунин хонаводаҳоро бо зиндагии қабилаҳои фақиру мискини африқоӣ низ қиёс кардан мумкин аст.

Як нафар сокини Фирӯза мегуяд, “бачаҳо инҷо бисёр буданд, ҳоло ҳама рафтанд. Нимаш рафт Русия ва дигар деҳаҳо, ними дигараш фавтиданд. Кор нест, мо рафта дар хонаҳои мардуми маҳаллӣ мардикори мекунем ва ё ҳезум мефурушем. Аз даромади худ рафта нону макарон мехарем. Инҷо хуроки бомазза ҳамин аст. Картошка ва дигар сабзаҷотро мо намебинем. Нонро ҳам бо меъёр мехурем, зиёд не”.

Дар ҷамоъат як мактаби таҳсилоти ҳамагоние ҳаст, ки ташнаи омӯзгор ва китобҳои дарсӣ мебошад ва бунгоҳи тиббии он муштоқи дидори табиб аст. Аз ин хотир кудакон ба мактаб намераванд. Онҳое, ки ҳам мераванд, дониши казоӣ надоранд.

«Хай мераванду меоянд, якбор мактаба мебинанд боз мегарданд. Муаллим нест, ҳарфа фаромуш кардаанд» - мегуяд як сокини солхурда.

Ба қавли як мусоҳибам ин хонаводаҳо аз рустоҳои дар баробари фалокатҳои табиӣ осебпазири Бадахшон фирор карданд, то зиндагии орому осоиштае пайдо кунанд, аммо аз доми бало гурехта ба балои бадтаре гирифторе шуданд.

Хонаҳои муҳоҷирон хунук ва пур аз намист

Сокинони ҷамоъати Фирӯзаи Носири Хусрав мегӯянд, шикоятҳои батакрори онҳо доир ба зиндагии сахту тоқатфарсо ва адами имконот ба гӯши мақомоти расмӣ намерасад ва ё онҳо мушкилоти ин мардумро нодида мегиранд. Онҳо меафзоянд, кам дар ёд доранд, ки аз мақомоти ҳукуматӣ аз ҳоли онҳо касе хабар гирифта бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG