Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба асари таркише, ки дар кони ангишти Абайи Қарағанда рух дод, 7 ангишткан ҷони хешро аз даст дод, анқариб 20 нафар ҷароҳат бардоштанд ва сарнавишти 23 нафари дигар алъон номаълум аст.

Тибқи иттилоъи хабаргузории Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури ин кишвар, ба аҳли хонаводаи ҳалокшудагон изҳори тасаллият кардааст. Ба гуфтаи Любов Шапошникова, сухангӯи вазорати ҳолатҳои фавқулъоддаи Қазоқистон, ин воқеа субҳи ҷумъаи 11 январ рух додааст ва ҳангоми таркиш дар кони ангишти Абай беш аз 190 нафар ангишткан қарор доштаанд.

Хонум Шапошникова иброз дошт, ки 11 январ соати 07.50 дақиқа дар кони ангишти марбут ба ширкати саҳомии «Ароселор миттал темиртау» аз гози метан таркиш рух дод ва баъд сӯхтор ба амал омад. Ҳангоми таркиш дар зери замин 191 ангишткан буданд ва то соати 13 ба рӯи замин 161 нафари онҳо бароварда шуданд ва аз онҳо 13 нафарашон ба бемористон фиристода шуданд. Дар кони ангишт 30 нафар боқӣ мондаанд, ки аз онҳо 7 нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Сарнавишти 23 нафар алъон норӯшан аст.

Сухангӯи вазорати ҳолатҳои фавқулъодда афзуд, ки ҷиҳати бартараф кардани окибатҳои ин таркиш ва расонидани ёрӣ ба одамони дар зери заминбуда 10 шуъба созмон дода шудааст. Ҳамчунин барои муайян кардани сабабҳои рух додани ин ҳодиса комиссиюни вижаи ҳукуматӣ созмон дода шудааст.

Таркиш дар кони ангишти Карағанда ва ба ҷой гузоштани хисорати ҷонӣ дар ин ҷо бори нахуст рух надодааст. Тирамоҳи соли 2005 низ ба асари таркиш дар кони ангишти Караганда 41 нафар ангишткан ба ҳалокат расида буданд. Журналист Розлана Таукина дар батакрор рухдодани ин фалокатҳо ҳокимият ва соҳибони ин конҳоро гунаҳгор медонад.

Хонум Таукина таъкид намуд, ки ин фалокат дар натиҷаи ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар шароити кори ангиштканҳо рух додаст ва дар ин фоҷиа қабл аз ҳама соҳиби ин кон «Миттал стил» - соҳиби корхонаи металгудозии Карағанда, ки аз заҳмати коргарони қазокистонӣ истифода менамояду вале барояшон комилан шароити хуби кор ба вуҷуд намеорад ва ба қоидаҳои бехатарии техникӣ муроъот намекунад ва таҷҳизотро нав намехарад, гунаҳгор аст.

Алъон барои аз зери замин баровардани 23 коргари кон 50 наҷотбахш сафарбар гардидаанд.

XS
SM
MD
LG