Пайвандҳои дастрасӣ

Ирвин Стелзер : 4 омили болоравии қимати нафт


Коршиноси умури энержӣ ва мудири маркази таҳқиқоти сиёсати иқтисодии Пажӯҳишгоҳи Ҳудсони Амрико Ирвин Стелзер мегӯяд, иддаъоҳо доир ба он ки захираҳои ҷаҳонии нафт дар ҳоли тамом шудан аст ва қимати нафт низ аз ҳамин хотир болотар меравад, пучу бемаънӣ мебошад.

Ба ақидаи ӯ, ончи ки қимати нафтро ба боло тела медиҳад, талаботи афзояндаи кишварҳои дар ҳоли рушд ба нафт аст ва ҳамчунин арзаи нокофии нафт ба бозори ҷаҳонӣ.
И. Стелзер рӯзи панҷшанбе меҳмони Радиои Озодӣ буд ва омилҳои аслии болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳониро шарҳ дод. Тавре медонем, чанде пеш қимати нафт барои ҳар бушк ба 100 доллари амрикоӣ расид, ҳарчанд рӯзи ҷумъа он ба сатҳи 94 доллар фаромад.
Иштиҳои иқтисоди аждаҳомонанди Чин ба нафт, ки дар як сол 8 дарсад меафзояд, ҳамчунин Ҳинди аҳолиаш беш аз миллиард нафар, ки мисли Чин ташнаи нафт аст, ва талаботи афзояндаи кишварҳои дигари осиёӣ фишор ба бозори нафтро афзоиш додаанд. Яъне ҳар қадар нафти ворида ба бозори ҷаҳониро дигар як қатра намонда мехаранд ва соҳибони асосии нафт низ намехоҳанд, ки бо афзоиши содироти он қимати тилои сиёҳи худро поён баранд.

Сабабҳои дигари боло рафтани қимати нафт ва нокофӣ будани арзаи нафтро Ирвин Стелзер чунин шарҳ медиҳад: “Як сабаби маҳдудият дар арзаи нафт созмони кишварҳои аслии содиркунандаи он ОПЕК мебошад, ки ба тахмини ман рӯзона 45 миллион баррел нафтро вориди бозор мекунанд ва нияти афзоиш додани содироти нафтро ҳам надоранд. Сабаби дувум ин миллатгароӣ аст. Кишварҳои соҳиби нафт дари захираҳои нафти худро ба рӯи кишварҳои ғарбӣ бастааанд. Агар кишварҳои Ховари Миёнаро як тараф гузорем ва Мексикаро мисол орем, ин кишвари нисбатан ором ширкатҳои ғарбиро барои истихроҷи нафти худ роҳ намедиҳад. Онҳо саноати нафтро меросӣ медонанд ва дар симои Амрико империалистро мебинанд. Ва ин сабаби маҳдудият дар тавлиди нафт мешавад”.
Ин таҳлилгари бозори энержӣ мегӯяд, далели дигари арзаи ками нафт ва гарон шудани баҳои он дар бозори ҷаҳонӣ ба омилҳои сиёсӣ иртибот мегирад ва бармегардад ба Ховари Миёна, минтақаи соҳиби захираҳои азими нафти ҷаҳон ва як минтақаи ноороми дунё: “Сабаби севум таҳримот ба зидди Эрон аст. Саноати нафт дар Эрон вазъи ногуворе дорад ва муҳтоҷи таҷҳизоти нав ва сармоя аст, вале Амрикоиҳо намегузоранд, ки Эрон онҳоро ба даст орад. Ҳарчанд ин амр сабаби гаронтар шудани нафт шудааст, вале амрикоиҳо чунин мешуморанд, ки меарзад то бо ин роҳ ба Эрон фишор оварда шавад. Сабаби чаҳорум Ироқ аст, ки шояд муҳандисони ботаҷрибатарини соҳаи нафт дар ҷаҳонро дошта бошад: ин муҳандисони ироқӣ бо вуҷуди як тангаи сиёҳ сармоягузорӣ накардани Саддом ба соҳаи нафт ин соҳаро нигаҳ доштанд. Бешакк, агар як каме субот ба ин кишвар баргардад, Ироқ бе саъйи зиёд метавонад содироти нафтро аз 2 миллион баррел ба 5 миллион баррел дар як рӯз бирасонад. Яъне маҳдудият дар арзаи нафт ба айби инсонҳо аст, ки метавонанд бо сиёсати муносиб онро аз байн баранд”.
Ба андешаи Ирвин Стелзер, поён ёфтани захираҳои нафти ҷаҳонӣ ҳарзагӯист ва захираҳои кофии нафт вуҷуд дорад, то бозор барои муддати зиёд таъмин карда шавад, вале омилҳое ҳастанд, ки ҷорӣ кардани нафт аз он захираҳо ба бозори ҷаҳониро мушкил мекунанд. Стелзер мегӯяд, “соҳибони нафт одамони бад ҳастанд” ва “Худованд захираҳои фаровони нафтро дар минтақаҳои нобоб” ҷойгир кардааст ва мулоҳизот бар сари ин қимати нафтро низ боло бурдааст: “Мушкил дар макони ҷойгиршавии нафт аст. Нафт дар манотиқи аз назари ҷуғрофӣ мушкилгузар ба мисли Арктика ва ё манотиқи аз назари сиёсӣ ноором ва бесубот вуҷуд дорад. Масалан, дар Венесуэла, ки дар он сотсиалистҳо як навъ арзаи нафтро назорат мекунанд, ва ё дар Эрон, ки мо бо он баҳсу ҷадал дорем. Нафт дар Ироқи ноором ва дар Арабистони Саудӣ зиёд аст, ки қисми зиёди пули пардохтаи мо барои нафт ба дасти терористон меафтад ва режими саркӯбгару бесубот дорад. Нафт дар манотиқи аҷибу ғариб вуҷуд дорад, на дар ҳошияи шаҳри Прага ва чунин ҳолат, бовар кунед, ба боло рафтани қимати нафт таъсир гузоштааст”.
Ирвин Стелзер мегӯяд, афзоиши қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ пеш аз ҳама кишварҳои камбизоатро гирифтори дарди сар кардааст. Вай мегӯяд, тамоми пешрафтҳои иқтисодии баъзе аз кишварҳои дар ҳоли рушди маҳрум аз захираҳои нафт, ки доллари кофӣ низ барои харидани нафт надоранд, бинобар гарон шудани қимати нафт ба ҳам зада шудааст.
Боло рафтани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз паси худ нархи дигар молу ашёро боло мебарад ва ин, аслан, барои кишварҳои камбизоат ва мардуми фақири онҳо дарднок аст.
XS
SM
MD
LG