Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш ва ояндаи Ховари Миёна


Ҷорҷ Буш ва Маҳмуд Аббос, 10 декабри соли 2008.
Ҷорҷ Буш ва Маҳмуд Аббос, 10 декабри соли 2008.

Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Буш имрӯз пешгӯӣ кард, ки созишномаи сулҳи Ховари Миёна то поёни давраи раёсатҷумҳурии ӯ дар оғози соли оянда имзо хоҳад шуд.

Ҳангоми сафараш ба Каронаи бохтарии рӯди Урдун, Буш ба хабарнигорон гуфт, вай мӯътақид аст, ки сарони Исроил ва фаластинӣ омодаанд, бо истифода аз фурсати муносиб даст ба эҷоди ду давлати ҳамсоя ва бомусолиҳа зананд.

Президенти Амрико, Ҷорҷ Даблю Буш, пас аз дидор бо раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос дар Ромуллоҳ гуфт, эътимоди ӯ ба сулҳи Ховари Миёна аз он ҷост, ки ҳарду тараф ҳолати мавҷударо қабул надоранд ва аҳамияти ҳамсоягии неки ду давлати демократиро ба хубӣ дарк мекунанд. Вай гуфт: "Бовар дорам, ки имзои қарордоди сулҳ пеш аз истеъфои ман имконпазир аст, на танҳо имконпазир аст, балки ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Ман мутмаъинам. Ва мояи эътимоди ман аз сози ташнагии сулҳ дар садои ҳарду, ҳам сарвазири Исроил ва ҳам раиси маъмурияти Фаластин бармеояд."

Мулоқоти Буш бо Аббос баъд аз як рӯзи гуфтушуниди ӯ бо сарвазири Исроил, Эҳуд Олмерт ба амал омад. Вай гуфт, ҳамчунон мутмаъин аст, ки давлати Фаластин дар паҳлуи Исроил эҷод хоҳад шуд ва ин худ қадами бузурге ба сӯи сулҳ хоҳад буд. Буш гуфт, таъсиси давлати Фаластин на танҳо ба манфиати фаластиниҳо, балки ба манфиати исроилиҳо низ мебошад. Аммо изофа кард, ки ҳарду ҷонибро машаққати зиёде дар пеш аст.

Рӯзи чаҳоршанбе, сарвазири Исроил Олмерт низ сахтии роҳи ояндаро иқрор кард, аммо гуфт, кишвараш дар иҷрои созишҳои сулҳ садоқат нишон хоҳад дод: "Тарафи Исроил мутлақан содиқ аст, ки гуфтушунидҳоро ба шеваи хеле ҷиддӣ пеш барад, ҳалли масъалаҳои меҳвариро таъмин кунад, то тафоҳуму созиш ҳосил гардад." Исроил амнияти хешро мехоҳад ва дар ҳамин гуфтугӯҳо низ талаб кард, ҳамлаҳои мушакӣ аз Навори Ғазза қатъ шаванд. Вале Навори Ғазза аз моҳи июни соли гузашта дар зери назорати ҳукумати Аббос нест ва аз тарафи ҷунбиши ситезаҷӯи Ҳамос идора мешавад. Маҳмуд Аббос дар ин робита гуфт: "Кори Ҳамос дар Ғаззаро мо табаддулот меномем, ки бояд поён ёфта, Ҳамос ба қонуни байнулмилалӣ ва ташаббуси мамолики Араб баргардад. То он вақт гуфтушунидро идома хоҳем дод."

Дар сулҳ бо Исроил фаластиниҳо дар навбати худ барои ҳоло қатъи бунёди шаҳракҳои исроилӣ ва коҳиши посгоҳҳои исроилиро мехоҳанд, аммо дар барномаи асосии сулҳ, хостори марзҳои соли 1967, бозгашти паноҳандагони фаластинӣ ва тақсими Байтулмуқаддасро. Бо назардошти ин роҳи душвор, хабаргузориҳо мегӯянд, хушбинии президенти Амрико дар миёни худи фаластиниҳо ва як бахши исроилиҳо тарафдори зиёд надорад. Аммо худи сафари Буш ба минтақа, ба дунболи конфаронси байнулмилалӣ дар Аннаполиси Иёлоти Муттаҳида онҳоро умедвор мекунад, ки талошҳои эҳёи сулҳи минтақа дар ҳолати ингуна идома доштанашон метавонанд, ба ҳалли ниҳоӣ роҳ кушоянд.

Сулҳи ояндаи Ховари Миёнаро Буш инчунин дар сафарҳояш ба Кувайту Баҳрайн, Мисру Арабистони Саъудӣ баррасӣ хоҳад кард. Ҳамчунин интизор меравад, вай ба нигаронии давлатҳои суннимазҳаби ҳампаймони Амрико аз афзоиши нуфузи Эрони шиъа дар минтақа расидагӣ хоҳад кард. Буш нақшаи сафар ба Ироқро надорад.
XS
SM
MD
LG