Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳудуди 50 зиндонии маҳбаси №1-и Душанбе дар номае навиштаанд, ки дигар тавони мондан дар ин зиндони сарду торикро надоранд.

Ин нома унвонии Додгоҳи олии Тоҷикистон, Шӯрои адлия, САҲА ва радиои Озодӣ навишта шудааст. Нусхаи номаи мазкурро яке аз наздикони ин афроди маҳбус ба идораи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе овард. Дар ин номаи зиндониён, ки аксарият ба далели даст доштан дар қочоқи маводди мухадир маҳкум шудаанд, аз коҳиш наёфтани мӯҳлати ҷазояшон бар тибқи қонуни авфи ахир дар моҳи июни соли 2007 изҳори ташвиш мекунанд. Ба навиштаи ин гурӯҳи маҳбусон, барои севумин бор аст, ки онҳо унвонии мақомоти зидахли Тоҷикистон ва порлумону ҳукумати кишвар нома менависанд, вале то ҳол касе пайи беҳбуди вазъи онҳо накӯшидааст.

Ба гуфтаи Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, онҳо аз тарафи маҳбусон номае дарёфт накардаанд. Бо ин вуҷуд, оқои Абдулҳақов мегӯяд, ин гурӯҳи маҳкумшудагон сарфи назар аз маризиву маъюбӣ ва пиронсолии хеш авф намешаванд ва ҳам мӯҳлати ҷазои онҳо поин нахоҳад рафт. Муовини сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ба ин нукта ишора кард, ки шикояти маҳбусон аз вазъи сиҳҳативу шароити зиндони рақами аввал заминаи воқеъӣ надорад, зеро дар ин чанд соли ахир вазъи зиндонҳои кишвар хеле беҳ шудааст.

Дар қисмате аз номаи ин зиндониён, ки гуфта мешавад, ки онҳо ба қочоқи маводди мухадир танҳо дар сурати бепулӣ ва зиндагии сахту сангин даст задаанд. Бештар аз ду моҳи қабл Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ гуфта буд, номаи 60 чунин маҳбусро, ки аз нақзи ҳуқуқи худ дар зиндонҳои кишвар шикоят бурдаанд, мавриди омӯзиш қарор додааст ва хулосаи худро дар робита ба ин нома ба мақомоти марбута ирсол мекунад. Аммо то ҳанӯз порлумони кишвар дар иртибот ба ин мавзӯъ даҳан боз накардааст ва аз шарҳи бештар худдорӣ меварзад.

Созмони амнияту ҳамкории Аврупо пайваста аз вазъи зиндон ва зиндониҳои Тоҷикистон изҳори ташвиш мекунад. Ин созмони байнулмилалӣ аз мақомоти кишвар тақозо дорад, ки барои боздидаш аз зиндонҳои Тоҷикистон ба Кумитаи Салиби Сурх иҷозаи расмӣ бидиҳад. Вале ҷониби мақомот, ки бо баъзе аз хостаҳои Салиби Сурх мухолиф будааст, дархости ин кумитаро то ҳанӯз напазируфтааст. Паём Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, гуфт, давлати Тоҷикистон дар амри беҳбуд бахшидан ба зиндагӣ ва маҳалли хобу хӯроки зиндониёни ин кишвар талош накардааст.

Бо ин ҳама, ҷониби ҳукумат вазъ дар зиндонҳои кишварро ором арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар соли гузашта тақрибан 40 зиндонии зиндонҳои Тоҷикистон ба иллати мубтало будан ба бемориҳои мухталиф, аз ҷумлаи сил фавтидаанд, ки дар қиёс бо чанд соли пеш теъдоди кам мебошад.

Ҳоло ба гуфтаи мақомот дар зиндонҳои кишвар тақрибан 9 ҳазор маҳбус, аз ҷумлаи 1 000 гирифтори бемории сил, 90 мубталои бемории АIDS, ҷонибдорони Ҳизбуттаҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон низ ба сар мебаранд.

Аммо мақомот аз баёни теъдоди маҳбусони сиёсӣ то ҳол лаб накушодааст, дар ҳоле ки коршиносон Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохила, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демукрот, ва Рустам Файзиев, муъовини раъиси Ҳизби сабтиномнашудаи тараққиётро аз зумраи маҳбусони сиёсӣ мешиносанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG